Дар як сатр
» » Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

15-05-2017, 08:44

Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Гулрухсор Сафиева, шоираи соҳибсухани тоҷик, беҳуда нагуфтааст, ки: «ҳамсар доштан ҳанӯз маънии ҳамдил доштанро надорад». Сабақи асосии зиндагии қаҳрамони мо низ ҳамин аст:

Ҳамсарнаҷӯед, Ҳамдилбоядҷуст!

Ҳамсарне, Ҳамдилбихоҳед!

Ҳамсарнагиред, Ҳамдилбиёбед!

Тозагул, қаҳрамони матлаби мо, зани муваффақ, ҳамсари ҳамдил, модари бомасъулият, хушдомани чун модар меҳрубон ва ҳамсояи ҳоҷатбарор аст.

Тозагул сухани тоза, ҳунари беҳамто, қалби поку оинасо, кори шоиста ва диди тоза дорад.

Тозагул, чӣ дар хонавода ва чӣ дар ҷомеа, зани покизагуфтор, покизарафтор ва покизакирдор шинохта шудааст...


Тозагул Ватанова, соҳибкорзани муваффақи хатлонӣ, зодаи ноҳияи Восеъ, аз қабили ҳамин гуна ҳамсарони ҳамдилу ҳамзабон, ҳамандешу ҳамроз мебошад. Вақте бо ин бону ҳамсуҳбат мешавед, бемуҳобо, назди худ иқрор мекунед, ки чӣ қадар инсони зиндадилу хушсухан аст. Ҳамин зиндадилӣ ӯро ба қуллаи мурод расонидааст.

Аз қиссаҳои Тозагул бармеояд, ки ӯ ва шаш келини дигар тӯли 14 сол дар хизмати хусуру хушдоман будаанд.

- Мо, ҳафт келин, байни худ дар кору бори хона таассубу нофаҳмӣ намекардем, - мегӯяд Тозагул Ватанова. - Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки шароит вазнинтар буд, ҳама якҷо ба саҳро мерафтем ва ба кори замин машғул мешудем. Хушдоманам бошанд, зиёда аз 20 набераро чун мураббии боғчаи бачагона нигоҳубин мекарданд. Андеша мекунам, ки дар ба даст овардани хушбахтии оилаи калони мо саҳми хушдоманамон бештар аст. Зеро он кас кӯшиш мекарданд, ки келинҳо байни ҳамдигар бадгӯӣ накунанд, чун апаю хоҳар муносибат дошта бошанд. Хушдоманам доим як мақоли халқиро такрор ба такрор мегуфтанд: «Бо ҳам баҳсу ҷанг накунед, ки ба хонадон наҳсӣ меояд, ҷангу ҷанҷол баракатро аз байн мебарад”. Хушдоману келин аҳл бошанд, кори хона саҳл аст...

Вақте ин ду ҷуфти ба ҳам лоиқ - Тозагул Ватанова ва ҳамсараш Ҳусейн Шамоловро мебинед, орзу мекунед, ки кош, ҳама оилаҳо ҳамин гуна бо ҳам меҳрубону хушсухан бошанд. Зиндагонии 38 соли бо ҳам онҳоро боз ҳам наздиктару устувортар кардааст. Онҳо ҳоло соҳиби 7 фарзанд, ду келин, 3 домод ва 16 набера мебошанд. Тозагул андеша дорад, ки аз таҷрибаи зиндагии якҷоя бо хушдоманаш дар келиндории хеш истифода мекунад, то фарзандонаш низ чун онҳо ҳаёти хуш гузаронанд...

Тозагул дастони ҳунарофар дорад. Солҳост, ки бо дӯхтани чодару болишт, кӯрпаю рӯйпӯши гаҳвора дар хизмати мардуми ноҳияи Восеъ ва шаҳру навоҳии атрофи он қарор дорад. Дар баробари ӯ шавҳари меҳрубонаш Ҳусейн-ака низ сари мошинаи дарздӯзӣ нишаста, ба ҳамсараш кумак мекунад. ӯ ёриву ҳамдастӣ ба завҷаашро ба худ «ор» намедонад, балки бар ин андеша аст, ки ҳунару ҳунарварӣ ба ҷинс маҳдуд намешавад. Ғамхориҳои шавҳарро дида Тозагул соли 2014 барои шавҳараш Ҳусейн Шамолов аз ҳисоби даромадҳои аз маҳсули ҳунари хеш бадастовардааш мошини сабукрав харидорӣ намуд, то ин ки дар равуо ва корҳои хоҷагидорӣ азоб накашад.

Тозагул баъди ба воя расонидани фарзандон пеши худ қарор дод, ки бояд орому бекор наистад ва ба фарзандон низ кумак расонад. Аз соли 2000-ум ба соҳибкорӣ машғул шуд. Кори ин зани соҳибирода ва ҷасур дар фурсати кӯтоҳ рушд кард. Соли 2016 бо дастгирии мутахассисони Кумитаи кор бо занон ва оила ба дарёфти Гранти президентӣ комёб гардид.

Тозагул ҳамсари ҳамдил, модари ғамхор, хушдомани бомуросо ва ҳамсояи ҳоҷатбарор аст. Бо ҳар нафаре, ки дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ рӯ ба рӯ меоед, ин оилаи намунавӣ ва соҳибэҳтиромро мешиносад ва дар борааш таърифу тавсиф мекунад, ба сабурию пуртоқатӣ ва эҳтиромашон ба падару модари ҳамдигар аҳсант мехонанд.

Ин зани покзамир гули сари сабади ҳар як маҳфилу чорабинии ноҳия аст. Дар чанд сафари корие, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ доштанд, Тозагул Ватанова бо намунаҳо аз маҳсули ҳунараш дар намоишгоҳу ҷашнгоҳҳо ба пешвози Пешвои миллат баромадааст.

Дар арафаи Рӯзи оила ба ин оилаи саодатёр ва ҷуфти ба ҳам созгор хушбахтии боз ҳам бештар, умри бобаракатро орзу мекунем. Тавре аллома Иқбол мефармояд:

Марду зан вобастаи ҳамдигаранд,
Коиноти шавқро суратгаранд.

Таманно дорем, ки оилаҳои ҷавон аз чунин оилаҳои намунавӣ дарси ибрат бигиранд, то дар зиндагӣ раҳгуму саргардон нашаванд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
Қӯрғонтеппа-Восеъ-Қӯрғонтеппа



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Чакандӯзе аз диёри чакан

Чакандӯзе аз диёри чакан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Келини таҳсилдида мехоҳам

Келини таҳсилдида мехоҳам

Маориф ва илм, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД