Рӯзномаи Хатлон » Хабари рӯз » Киштии “Садриддин Айнӣ” дар уқёнуси Ором


Киштии “Садриддин Айнӣ” дар уқёнуси Ором



Соли 1978 дар саросари Иттифоқи советӣ 100-солагии устоди муаззам Садриддин Айнӣ бо шукӯҳ таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн китобу брошюра, маркаву медалҳои ҷашнӣ нашр шуда, чун рамзи эҳтиром ба хизматҳои нависандаи тоҷик кӯчаву як қатор хиёбонҳо, муассисаву иншоот ба номи устод Садриддин Айнӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, алоқамандони устод дар флоти ҳарбии Иттифоқи советӣ низ ба ин маъракаи поси хотир ҳамроҳ шуда, ба хулосае меоянд, ки теплоходи нави Флоти уқёнуси ромро ба номи нависандаи забардасти тоҷик гузоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба теплоход номи “Садриддин Айнӣ” гузошта шуд.

Дар сомонаи флот ҳатто шиносномаи теплоход мавҷуд аст:

«САДРИДДИН АЙНИ»:
Проект: 1588, тип «Василий Шукшин»
Приписка: бухта (база) Тикси (Владивосток, РФ)
Владелец: ОАО СК «Арктическое морское пароходство» (РФ)
IMO: 7830997
Регистровый №: 790535
Регистр: РМРС
Формула класса: КМ*Л2
Позывной: UMWA
MMSI: 273194100
Строительный №: 1204
Построено: 30.11.1979
Место постройки: Судостроительный завод «Ока»
МСП СССР (ССЗ №342, предприятие п/я №31)
Текущее состояние: Работает.”

Теплоходи “Садриддин Айнӣ” солҳои тӯлонӣ дар баҳри Ҷопон (Японское море) шино кардааст. Баҳри Ҷопон як қисмати сарбастаи уқёнуси Ором аст, ки дар миёни материки Осиё, нимҷазираи Куриё ва ҷазираҳои Сахалин, Россия ва Ҷопон воқеъ аст.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, теплоходи “Садриддин Айнӣ” теплоходи боркашон буда, ҳанӯз ҳам дар рӯйи мавҷҳои уқёнус аст, вале бо номи дигар.

Пас аз пош хӯрдани Иттифоқи советӣ, дар Россия низ милликунонии номи иншооту муассисаҳо оғоз шуд ва теплоходи “Садриддин Айнӣ” номи “Мария”-ро гирифт. Вале дар як паҳлуи он ҳанӯз ҳам навиштаҷоти “Садриддин Айнӣ” намудор аст.

Одил Нозир

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода