Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Вусъати роҳсозӣ дар Хатлон


Вусъати роҳсозӣ дар Хатлон



Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон моҳҳои январ-марти соли 2022, дар умум, ба масофаи 1050 километр роҳҳо таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба масофаи 221 километр зиёд мебошад.

Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, маблағи умумии дар ин самт харҷшуда 15 миллиону 324 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Сарчашмаи иттилоъ афзуд, ки аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо ба масофаи 915 километр роҳҳо ва 25 адад пулу қубур таъмир гардиданд, ки аз ин 3,3 километр сангфарш ва 912 километр роҳ таъмири ҷорӣ шудааст.

Бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ 12 километр роҳ таъмири асосӣ, 67 километр таъмири ҷорӣ ва 55 километр роҳ сангфарш карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Балҷувон - Сари Хосор ва Қурбоншаҳид- Темурмалик омаром идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми боркашонӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар вилоят ба 6 миллиону 758 ҳазор тонна баробар гардида, ба 27 миллиону 376 ҳазор мусофирон хизмат расонида шудааст.

Ҳангомаи Исмат,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода