Дар як сатр
» » Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

11-01-2015, 18:46

Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидонДар шаҳри Қӯрғонтеппа тайи як соли гузашта 75 ҳолати бекоркунии ақди никоҳи оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки фоизи зиёди он ба ҷуфтҳои ҷавон рост меояд.

Ин нукта зимни вохӯрии гурӯҳҳои кори шаҳрдории Қӯрғонтеппа бо сокинони маҳаллаҳои ин шаҳр зикр шудааст. Солеҳа Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми мулоқот бо сокинон гуфтааст, ки ҳамчунин бархе волидон дар гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои фарзандони худ саҳлангорӣ нишон медиҳанд, ки зимни ба муассисаҳои таълимӣ раҳсипор шудани онҳо душвориҳои фаровон пеш меорад.

Муовини раиси шаҳр Солеҳа Қосимова дар идома ба масъалаи беаҳамиятии волидайн дар тарбияи фарзандон таъкид кард, ки дар натиҷа наврасону ҷавонон ба оворагардӣ ва ҳар гуна корҳои норавою ноҷо даст мезананд. «Бубинед, дар натиҷаи амалҳои террористӣ дар Покистон зиёда аз сад нафар наврасону кӯдакон кушта шуданд. Моро мебояд, ки дар тарбияи фарзандон масъулияти баланд эҳсос намоем, зиракии сиёсиро аз даст надода, рафтору амали фарзандонро таҳти назорат қарор диҳем», - афзуд ӯ.

Зимни ин мулоқоти масъулони шаҳрдории Қӯрғонтеппа бо сокинони маҳаллӣ зикр гуд, ки то ин муддат 14 ҳолати риоя нашудани талаботи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст. «Фаромӯш набояд кард, ки сарфакорона, дар доираи меъёрҳои муайяншуда баргузор намудани тӯю маъракаҳо танҳо ба манфиати худи шаҳрвандон аст», - гуфта шуд дар ин вохӯрӣ.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ
Мулоқот бо сокинони Зиракӣ

Мулоқот бо сокинони Зиракӣ

Хабарҳо