Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Худкушӣ кӣ ва чаро ба он даст мезанад?


Худкушӣ кӣ ва чаро ба он даст мезанад?



Бо расидан ба синни 15 ба таҳсили Фарзона (номи шартӣ) нуқта гузошта шуд. Барои ба ҳаёти мустақилона омода намудан модараш ӯро якборагӣ ба корҳои хоҷагидорӣ ҷалб намуд. Дур будан аз бозиҳои кӯдакиву ҳамсинфони худ ва рӯзи дароз зери бори гарони зиндагӣ қарор доштан Фарзонаро ба ҳолати депрессивӣ мерасонд. Рӯзе иштибоҳан либосҳои ношустаро бо либосҳои шуста омехта кард. Ин амалаш боиси ғазаби модар гардид ва духтарашро як - ду лагад зада, гӯё дарси ибрат дод. Аммо, чунин рафтори модар охирин зарбаи дандоншикан дар косаи сабри кӯдак гардид. Фарзона бо роҳи худовезӣ худро ба ҳалокат расонид. Барои расонидан ба худкушӣ модар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Ба монанди саргузашти Фарзона даҳҳо нафаре ҳаст, ки дар даврони кӯдакиву наврасӣ ё ҷавонӣ ба худкушӣ даст мезананд. Аслан, ҳаёт арзише нест, ки инсон ба осонӣ аз он даст кашад. Яъсу ноумедӣ, нобаробарӣ, муомилаи дурушти атрофиён ва боз чандин омилҳои дигар одамонро ба худкушӣ водор мекунад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон дар қиёс ба солҳои гузашта зиёд мебошад. Қисмати зиёди қурбониёни ин зуҳуроти манфии ҷомеаро занон ва ноболиғону ҷавонон ташкил медиҳанд.

- Таҳлили вазъ нишон додааст, ки хушунати хонаводагӣ, носолим будани оилаҳо, бекорӣ, бемории рӯҳӣ, безурётӣ ва афсурдаҳолӣ шаҳрвандонро ба худкушӣ таҳрик дода, аксари онҳо бидуни намоишкорӣ дар ҷойҳои пинҳон ба тариқи овехтан худро аз зиндагӣ маҳрум менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки шахс дар мавриди қатъи ҳаёт тасмими ниҳоӣ гирифтааст, - гуфт зани рӯзгордида Раъно Комилова.

Бо назардошти он, ки ҳаёт арзиши олӣ ва бебозгашт аст, давлат нисбати шаҳрвандоне, ки бо роҳи пастзании мунтазами шаъну эътибор шахсро ба худкушӣ мерасонад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст.

ЧАРО ХУШДОМАН АЗ ОЗО ДӢ МАҲРУМ ШУД?

Прокурори ноҳияи Шаҳритус Фаррух Рауфов изҳор дошт, ки бо сабаби оне, ки Шодиева Саида безурёт буд, аз тарафи хушдоманаш ҳамеша таънаю маломат мешунид. Аз фишорҳои зиёду пайдарпай оқибат Саида ба худкушӣ даст зад. Барои ба чунин ҳол расонидан хушдоманаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати 2 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Коршиносон бар онанд, ки худкушӣ амали қаблан тарҳрезишуда ва ҳадафмандона аст, ки маънои эътироз аз атрофиён ва ҷомеаро дорад. Тавассути муносибати хуб бо занон, дарки ҳолати равонии кӯдакон ва роҳ ёфтан ба дили шикастаи онҳо метавон аз худкушӣ пешгирӣ кард. Зеро шахсе, ки ба ҷони худ қасд дорад, нишонаҳои хос зоҳир мекунад.

Дар робита ба ин, равоншинос Фотима Шерализода изҳор дошт: “Дар ҳолате, ки кӯдакону калонсолон ба депрессия ё бемории рӯҳӣ гирифторанд, нисбаташон муносибати эҳтиёткорона доштан лозим аст”.

Яъне, онҳоро бештар гӯш дода, бояд муайян кунем, ки барои ин шахс кӣ бештар нуфуз дорад. Одамони бонуфузро барои баровардани кӯдакон аз ҳолати депрессивӣ истифода кардан лозим мебошад. Онҳоро ба равоншиносон ва духтурони равонпизишк нишон додан зарур аст. Чунин тартиби муносибату рафтор мушкилоти оиларо осон мегардонад.

Ба иттилои манбаъ, таҳлилҳои прокурорӣ собит кардааст, ки дар асл ҳам ба чунин амали нангин даст задани ноболиғон сабабу асосҳои воқеии худро дорад. Бисёре аз кӯдакон дар натиҷаи муомилаи бераҳмона, пастзании мунтазами шаъну эътибор ё ҳангоми нодида гирифтани хостаҳояшон аз сӯи калонсолони оила, қасд ба ҷони худ карда, гӯё бо ин рафторашон қасос мегирифта бошанд.

ФИШОРОВАРӢ БА ХУДКУШӢ МЕРА СОНАД

Мақсуда Тӯраева, омӯзгори собиқадор, гуфт, ки падару модар ҳаматарафа бояд фарзандашро фаҳмад. Махсусан рӯҳӣ фаҳмидан даркор ва вобаста ба он муносибат намояд. Ба кӯдак ва дилхоҳ аъзои оила фишор овардан лозим нест. Бояд дар оила нисбати ноболиғон рафтори махсус кард. Зеро дар ҳаёти кӯдаки 13-14-сола баландшавии қад, чорпаҳлӯшавӣ ва инкишофи ҷисмониаш нисбат ба афзоиши ақлониаш пеш мегузарад. Ақли биологӣ маънии ҳаракатҳои соҳибашро дуруст баҳо дода наметавонад. Дар ин синну сол ҳар шахс дар муҳити калонсолон «ман»-и худро меҷӯяд. Як сухани ноҷою бемаврид кӯдакро рӯҳафтода мекунад.

- Яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задан дар он аст, ки оила ва аъзои оила миёни ҳам робитаи хуб надоранд ва вазъу ҳолати якдигарро дарк карда наметавонанд. Инчунин, барои кӯдакон ҳамкории сусти волидон бо омӯзгорон низ таъсиррасон мебошад. Зеро кӯдак метавонад, ки ҳам дар хона ва ҳам дар мактаб зери маломату масхара ё танқид қарор гирад ва ин ӯро ба худкушӣ оварда мерасонад, - гуфт прокурор Фаррух Раупов.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ноболиғони дар зиндагӣ аз ҷиҳати рӯҳӣ ва маънавӣ хуб ташаккулнаёфта, дар мавриди дучор шудан ба мушкилиҳои зиндагӣ ба сустиродагиву кӯтоҳандешӣ роҳ дода, дар баъзе ҳолатҳо даст ба худкушӣ мезананд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри расонидани кумаки саривақтии психологӣ ва пешгирии ҳодисаҳои ба худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушии ноболиғон ва хурдсолон хизмати психолог ва равоншинос ба назар намерасад.

Рӯзи 1-уми июли соли 2004 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон» ба тасвиб расидааст. Тибқи ин қарор, мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш, занон ва оила, оид ба дин, телевизион ва радио, Вазорати корҳои дохилӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ба таври мунтазам андешидани чораҳои пешгирикунанда вазифадор карда шудаанд.

ҶАЗО БАРОИ ХУДКУШӢ

Сархатиби шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзода изҳор дошт, ки дидаву дониста ба ҷони худ қасд кардан ва ё ба худкушӣ даст задан аз нигоҳи таълимоти дини мубини Ислом, ки асоси он Қуръон ва ҳадис аст, гуноҳ ва ҷиноят мебошад. Худованд дар ояти 195 сураи «Бақара» мефармояд «...Вало тулқу биайдикум илаттаҳлука ва аҳсину Инналлоҳа юҳиббул муҳсинин» Яъне, «Хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат маяфканед ва накукорӣ кунед, албатта Парвардигор накукоронро дӯст медорад». Дар ояти 29 сураи «Нисо» омада: «Вало тақтулу анфусакум инналлоҳа кона бикум раҳимо» Яъне... «Ва накушед хештанро, ҳар ойина Аллоҳ ҳаст ба шумо меҳрубон».

Масъалаи маҳкум кардани худкушӣ дар аҳодиси набавӣ зиёд омадааст, аз ҷумла дар ҳадиси қудсӣ Ҷаноби Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Аллоҳ мегӯяд: Агар бандаи ман ба ҷои сипосгузорӣ ба ман худро кушад, пас (бидонад), ки дарҳои ҷаннат барои вай ҳамеша бастааст».

Коршиносон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои худкушии ноболиғон тавсия медиҳанд, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, бо ҷалби равоншиносон дар соатҳои тарбиявӣ оид ба фанни психология, хусусиятҳои синну соли психологияи инсон, ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ (депрессия), сабабҳои он ва роҳҳои баромадан аз ин буҳрони рӯҳию маънавӣ фаҳмонида дода шавад. Дар ин маврид на танҳо содиршавии худкушиҳо пешгирӣ мешаванд, балки бо беҳтар шудани рӯҳия ва вазъи психолоии хонанда сатҳи донишандӯзии ӯ ва рафтораш низ дар ҷамъият беҳтар мегардад.

Вазифаи мактабҳо танҳо аз омӯзонидани фанҳои таълимӣ иборат набуда, ҳамзамон тарбияи маънавию ҷисмонии хонандагонро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан мебошад.

С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода