Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Оё ҷавонони имрӯза ба қинғолабозӣ мераванд?


Оё ҷавонони имрӯза ба қинғолабозӣ мераванд?



Қинғолабозӣ хоси насли калонсол аст. Онҳо қинғолабозиро ба лаҳзаҳои ширини умри хеш нисбат дода, он рӯзу лаҳзаҳои нотакрори ҳаёти ҷавониро бо некӣ ёд мекунанд. Қинғолабозӣ шабеҳи мулоқотҳои ошиқона буда, ҷавонон дар он рози дил мегуфтанду якдигарро меомӯхтанд.

Мухбирамон бо чанд нафар сокинон суҳбат намуда, андешаи онҳоро оид ба ин масъала фаҳмиданӣ шуд.

Лаҳзаҳои ширини умр 


Ашӯрбӣ Амирова, сокини ноҳияи Хуросон: -Бунёди оила мактаби худро дорад. Навҷавонон дар ин мактаб аввал илми оиладориро аз худ намуда, якдигарро хуб меомӯзанд, ба зиндагии мустақилона омода мешаванд. Илми оиладорӣ бошад, аз мулоқотҳои ошиқона сарчашма мегирад. Дар давраи ҷавонии мо онро “қинғолабозӣ” мегуфтанд.

Ман ҳанӯз ҳабдаҳсола будам. Ҷавоне аз ҳамсоядеҳа ба ман дил баст. Дилшод ҷавони хушқаду қомат ва хушсимо буд. Дучарха (мотосикл)-и “Ява” дошт. Ҳар пагоҳӣ, дучархасавор ба деҳаи мо меомад. То ба мактаб расиданам бо ҳар баҳона аз дунболам мототсикл меронд ва баъди анҷоми дарс низ ҳамин тавр то паси дарвозаи хона мегуселонд. Ба ман луқма мепартофт. Вале ҳар як кӯшиши шиносшавиаш беҷавоб мемонд. Рӯзе халтача (сумка)-и латагиамро, ки он китобу дафтару рангдон ва як тика нон дошт, аз китфам раҳонида гурехт. Аз қафояш то мактаб давидам, халтачаро гирифтаму эътибораш надодам.

Рӯзу ҳафтаҳо ва моҳҳо паси сар мешуд. Дилшод ҳамарӯза сояи ман буд. Боре қарибиҳои нисфирӯзӣ ба падарам, ки дар саҳро гандум медаравид, таому нон ва обу чой мебурдам. Сари роҳ, зери дарахти бузургҷусса Дилшодро дида мондам. Ӯ роҳи маро мепоид. Ҷавон ин дафъа бо туҳфаҳои ошиқона омада буд. Ба ман дастпона, гӯшвора ва собуну атр ҳадя намуда гуфт: “Пагоҳ ба хонаатон хостгор мефиристам!” Рӯзи дигар ба хонаи мо хостгорҳо омаданд. Падару модарам “Духтар ҳоло ноболиғу мактабхон аст”, гӯён ба онҳо ҷавоби рад доданд. Баъди чанд рӯз ҷавон дар деҳа овоза кард, ки маро медуздад. Волидон ноилоҷ розигӣ доданду ман фотиҳа шудам. Пас аз гузаштани моҳе ману ҷавон никоҳ шудем.

Ҳамон солҳо як қоидае буд. Вақте ки духтари ноболиғ ба шавҳар мебаромад, боз як соли дигар дар хонаи падар мемонд. Зеро дар даврони Шӯравӣ қонун сахт буд ва соҳибони духтари ноболиғ, ҳамчунин падари домодро ба маҳкама мекашиданд. Дар ин миён ҷавон хонаи арӯсаш ба мулоқот мерафт, ки онро дар байни мардум қинғолбозӣ мегуфтанд. Ӯ аз волидайни духтар пинҳонӣ, паси девору дохили ошхона ё канори ҷӯйи зери маҷнунбед бо арӯсаш мулоқот мекард. Дилшод низ ҳар бегоҳ роҳи тӯлониро тай намуда, қинғолабозӣ меомад, бароям туҳфаҳо меовард. Он рӯзҳо барои мо ширину хотирмон буданд, зеро дар қинғолабозӣ якдигаррро аз “ғалбер” мегузаронидем, ба зиндагӣ пухта шуда, ба қадри якдигар мерасидем...

Расми духт арро дида, ба ӯ ошиқ шудам 

-мегӯяд Шариф Мирзоев, ноҳияи Кӯшониён: -Интихоби номзад барои ман дар ихтиёри падару модар буд. Онҳо духтари хеши роҳдури худро аз ноҳияи ҳамсоя хостгор шуданд. Он солҳо қабл аз он ки ҷавононро фотиҳа намоянд, аз рӯйи анъана ба духтару писар расми якдигарро нишон медоданд. Ману духтар якдигарро намешинохтем. Ҳатто намедонистам, ки чунин хеш дорам. Ба мо барои маъқул донистану шинос шудан танҳо расмҳоямонро нишон доданду халос. Аз расм чӣ гуна будани инсонро фаҳмидан мушкил аст, дар расм кас намебинад, ки шахси аксёфта ланг аст ё шал, гунг аст ё кар.

Ба расм менигаристаму дудила мешудам. Духтар сабзина бошад ҳам, вале кушодачеҳра ва чашмонаш меҳрубон менамуд. Намедонистам “ҳа” гӯям, ё “на”. -Писарам, чаро ба даҳон об гирифта мондӣ-а?- гуфтани модар маро аз банди хаёл раҳонид. 

-Ранги рӯйи духтар сиёҳ менамояд,-забон хоида посух додам.

-Ту бахтатро интихоб мекунӣ ё ҳусну ҷамоли духтарро,-бо зарда гуфт модар.

-Худатон медонед, ба шумо маъқул бошад, ба ман маъқул,-гуфтам.

Ҳамин тавр шаби дароз ба расм нигариста, ба духтар дил бохтам. Баъди рӯймолдарон рӯзе маро барои қинғолбозӣ бурданд. Барои номзадам атру собуни мушкин ҳадя бурдаму духтар ба ман рӯймолчаи дастии тӯрбофӣ тақдим кард. Мулоқоти аввал хомӯшонаю шармгинона ва бо туҳфасупорию нигоҳҳои хостгорона гузашт. Вақти хайрухуш бо тарс дасташро доштам ва ӯ шармида аз наздам гурехт. Аз ҳамон лаҳза дар қалбам оташи ишқ аланга зад. Минбаъд роҳам ба хонаи падарарӯс кушода шуд. Гоҳо хусурам маро барои навбати пода рафтан ва дарави гандуму юнучқа даъват менамуд. Элак баҳона-дидор ғанимат, гуфтагӣ барин, баҳонаи ин корҳо ба қинғолабозӣ мерафтам. Нишонаи давраи ҷавонӣ ва қинғолабозиҳо - атру собун, рӯймолчаи тӯрбофиро то ба имрӯз дар сандуқамон нигоҳ медорем, онҳо таърихи ишқу муҳаббати моянд. Шукр мекунам, ки дар интихоби завҷа хато накардаам. Солҳои зиёди оиладорӣ соҳиби фарзандону набераҳои ширин шудем, якдигарро эҳтиром мекунем. Ин бахт аст, бахти сафеду ширине, ки ба мо саломатию хушбахтӣ, номи неку эҳтироми зиёд мебахшад. 

Як сол “хизматг ор”- и хусур будам 

-ёдовар мешавад Алишери 65-сола: -Ҳар як давру замон қоидаи зангирии худро дорад. Ҳоло баъзе ҷавонон то занро ба хонаи худ овардан аз дидори якдигар, ба қавле, “сер” мешаванд. Борҳо байни худ муноқиша карда, ҳатто аз баҳри оиласозӣ мебароянд.

Вақте ки ман бо завҷаам ақди никоҳ баста, тӯй шудем, духтар боз як соли дигар дар хонаи падараш монд. Чунки синну соли ӯ барои шавҳар кардан намерасиду духтари ягонаи оила буд. Ман бошам, як соли дароз бо баҳонаи баробар кардани қалинпулӣ дар хонаи падарарӯсам хизматгорӣ мекардам.

-Аҷибаш он буд, ки дар як ҳуҷра бо завҷаи худ хобида, танҳо қинғолабозӣ ( мулоқотҳои ошиқонаи имрӯза) мекардем ва ҳаққи дасти ӯро доштанро ҳам надоштам. Мо бо ин амалҳо феълу рафтори якдигарро муомӯхтем ва меҳрамон бештару ширинтар мегардид. Баъди ӯро ба хонаи худ овардан масъулияти оиладорӣ низ зиёдтар шуд. Дар якҷоягӣ зиндагии хубу хушро дидем. Ман гумон мекунам, ки анъанаи пешин-қинғолабозиро бояд аз нав эҳё кард. Зеро якдигарро хуб омӯхта, оила бунёд намудан, беҳтар аст аз осонакак, аз рӯи ҳавою ҳавас зуд зан гирифтан.

Сари “шпион” дар муҳрин дармонд 

-шабҳои қинғолабозиро ба ёд овард Салима, сокини ноҳияи Балхӣ:

-Маро дар ҳабдаҳсолагӣ ба шавҳар доданд. 

Шавҳарам марди калонсолу мансабдор ва занмурда буд. То ба балоғат расидан дар хонаи падар мондам ва шавҳарам тез-тез ба қинғолбозӣ меомад. Шаби дароз беруни дар ва тирезаи ҳуҷраи хоби маро “янга”-ҳо бонӣ мекарданд. Ҳар гоҳ аз муҳрини тиреза сар кашида, назора мекарданд, ки шавҳарам ба ман наздик нашавад. Боре як ҳодисаи хандовар рух дод ва бо ҳамин янгаҳо “назорат”-ро қатъ карданд.

Ҳамон шаб бибиам шпионӣ мекард. Як поси шаб ӯ сари худро аз муҳрини тиреза гузаронида, дар он дармонд. Ҳарчанд дигаронро бо ёрӣ мехонд, вале шариконаш аз ханда худро дошта натавониста, касе ба ёрӣ намеомад. Шавҳарам гӯё ин воқеаро надида бошад, ҷелаки худро бадар карда, ба он “мех” (сари бибиам) овехта монд ва бибиам дигар чизеро намедид.

-Гӯр коратон шавад, сари маро аз ин бало озод кунед, баъд чи коре кунед, ихтиёратон, вой дод!-гуён “шпион” ба зорӣ даромад...

Ҷавонон, ба қинғолабозӣ равед, он лаҳзаҳои ширин дорад.

Ҷавонони имрӯза мегӯянд , ки ... 

Азиза, 25 сола:-Шумо афсона мегӯед? Ҳоло айб аст ба қинғолабозӣ рафтан. Чӣ ҳоҷат коҳи куҳнаро бод додан? СМС ё телефони мобилӣ ҳаст, ҳар гоҳ хоҳӣ духтарро ба мулоқот мехонӣ ё бо ӯ суҳбат мекунӣ.

Саид, донишҷӯ: - Қинғолабозӣ? Ин ибораро бори нахуст мешунавам. Аввал аз бибиам пурсам, ки он чӣ бошад, баъд фикрамро мегӯям. 

Бибигул, тоҷир: - Ман розиам, аммо номзади ояндаам чӣ мегуфта бошад?

Мардон, муваққатан бекор: - Э-ҳа! Ҳоло давраидемократия, ҳаминаш намерасид, ки дар ба дари хонаи падарарӯсу додарарӯс мардикорӣ равем. Аз мардикории Россия халос шуда наметавонам, як гапое мегӯед, ки буза бозию хара ханда аст...

P.S. Хуб мешуд, ки агар насли калонсол, ки дар замони ҷавонии худ ба қинғолабозӣ мерафтанд, тариқи рӯзнома онро ба ҷавонон равшан месохтанд. Мо интизори номаҳои шумоем, лаҳзаҳои ширину хотирмон, некию бадӣ ва дигар мушоҳидаҳоятонро навишта, он рӯзҳоро ёдовар шавед. Ин аҷиб аст.

С. АТТОР , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода