Дар як сатр
» » Ба фарзандони гумкардароҳу хоин

Ба фарзандони гумкардароҳу хоин

16-10-2018, 07:52

Муроҷиатнома аз номи кулли
модарони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Бузургеро пурсидаанд:
-Ҳаёт аз кӣ ва аз куҷо сар мешавад?
Гуфт :«аз модар ва гаҳвора».
-Ҳаёт кай ба охир мерасад?
Гуфт: "Ҳамон  даме ки охирин модар, аз дунё чашм мепӯшад”.
Бале, модоме, ки Худованд офаридгор бошад, зан ва замин офаранда аст.
Он ҳодисаҳои нангине, ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон рух додаву вирди забони ҷаҳониён гаштааст, модарони тоҷикро мутаассир карда, онро сахт маҳкум мекунанд. Гарчанде ки хоини ватан ва хоини миллат, на ватан дораду на миллату на дину диёнат.
Чӣ бадбахт аст модаре,  ки онҳоро ба дунё овардааст. Вале чӣ бояд кард, ки онҳо аз ин роҳ баргарданд.
Эй, Муҳиддин Кабирии саркашу гумкардароҳу хоин!
Ба  садои қалби модарони тоҷик гӯш андоз. Ту бегона наӣ!
Оё, ту фаромӯш кардӣ, ки туро модари тоҷик  ба дунё овардаву аз ту  такягоҳеро, ободгареро,бунёдгареро интизор буд?!
Ту чӣ кор  карда истодаӣ?
Ту медонӣ, ки бо рехтани хуни бародари ҳамхуну ҳаммиллату ҳамватани худ, гӯё хуни ҷигари модари зоратро резондӣ… 
Бо хиёнати ба модар - Ватан кардаат, ба рӯи модарат хатти батлон кашидӣ…
Охир, модар дар батнаш нуҳ моҳу нуҳ рӯз бардоштаву бо аҷал даст ба гиребон гашта, туро ба дунё овард. Аз хуни сурхи хеш, бо амри Парвардигори муттаол шири сафед ҷудо карда, ба ту дод, то ин ки чӣ қадар муқаддасу пок будани шири модарро бо ақли инсонӣ дарк кунӣ. Дар сари гаҳвораат «алла»-и модарона хонд, то ин ки Худовандро шиносӣ…
Эй, марди саркаш, ба худ ой, аз роҳи бад баргарду поси шири сафеди модаратро бикун!
Модар, туро ба ин дунё овард, бо ҳазорон умеду орзу ба воя расонд, ки ту ба модар, ба ватан, ба миллат хиёнат кунӣ!?.
Мо, модарони тоҷик, аз ту талаб мекунем, ки аз роҳи пур аз хиёнатат баргардӣ, дар назди ин сарзамини биҳиштосо ва ин кишвари ободу озоду зебо сар фуруд оварӣ, саҷда кунӣ, тавба кунӣ, то ин ки аз гуноҳат гузаранд. Бо меҳнати ҳалоли чун шири модар поку беолоиш зиндагӣ кунӣ, озод бошӣ, зеро озодӣ туҳфаи бебаҳои Худованд аст.
Худату фарзандони хешро лаънатзадаи таърих накун! Зеро хунрезӣ дар хоки ватан, бародаркушӣ дар сарзамини худ, гуноҳест нобахшиданӣ!
Таърих гувоҳ аст, ки абармардони тоҷик бо хуни хеш ватанро аз бегонагон, аз душманони беруна ҳимоя  кардаву дар ин роҳи ҳақ қурбон гаштаанд.
То он даме ки охирин модар дар қайди  ҳаёт ҳаст, ҳаргиз намегузорад, ки хуни ноҳақ резад, ё бародар қотили бародар бошад.
Бо тамоми ҳастӣ мо-модарон пеши роҳи  ин хунрезиро мегирем!
Он фарзандони саркашу хоинро «оқи модар», «оқи ватан», «оқи миллат» мекунем, то ин ки онҳоро на таърих бубахшаду на Худованд!!!
Эй марди саркаш, аз ғазаби Худованду модар ҳазар кун!!!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оқи миллатшуда

Хабарҳо

Оғози даҳаи «синамаконӣ - асоси ҳаёт»

Хабарҳо
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб буб ...

Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб буб ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Ифтихори ватандорӣ

Ифтихори ватандорӣ

Ҷавонон ва варзиш