Дар як сатр
» » Таҳдидҳои муосири экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон

Таҳдидҳои муосири экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон

15-10-2018, 09:49

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯйӣ мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрати дунё қарор дорад.

Аз ин ҷост, ки аз солҳои 90-уми қарни гузашта то инҷониб фаъолияти мақсадноки ташкилоти террористиву экстремистии байналхалқӣ аз тарафи як қатор мамлакатҳои манфиатҷӯй ва мақомоти махсуси онҳо пуштибонӣ ва маблағгузорӣ ёфта, роҳ ва усулҳои гуногуни амалисозии лоиҳаи манфури онҳо тарҳрезӣ карда мешавад.

Хавфу хатарҳои кирдорҳои манфури ташкилотҳои террористӣ, ки солҳои 90-ум боиси дар Тоҷикистон сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, беш аз 150 ҳазор кушта, зиёда аз 60 ҳазор нафар ба кишвари ҳамсоя - Афғонистон ва 195 ҳазор ба кишварҳои ба мо дӯсти Ӯзбекистону Русия фирор намуданд, 35723 хона вайрону валангор, 25 ҳазор зан бева, 53 ҳазор кӯдак ятим гардид, 61 муассисаи тиббӣ аз фаъолият бозмонда, кишварро гуруснагии шадид ба монанди ҷанги дуюми ҷаҳон фаро гирифт ва ба вазъи иқтисодии кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар овард, ки то ҳол аз ёди мардуми шарифи Тоҷикистон нарафтааст.

Новобаста ба ин, лоиҳаҳои иғвоандозии давлатҳои манфиатҷӯи аҷнабӣ идеологияи таҳрифшудаи нави диниро бо номи «Салафия-Ваҳҳобия» ба сари ҷавонону наврасони мо бор карда, аз рӯйи ангезаҳои мазҳабӣ ба бор овардани ҷанги нави шаҳрвандиро таҳмил карда истодаанд.

Оид ба хавфу хатарҳои фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон, ки зери ақоиди таҳрифшудаи дини мубини ислом мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Муҳаққиқ ва муаррихи номвар Саймумин Ятимов оид ба ин мавзӯъ меафзояд: «Ин хавф дар марҳилаи навин даҳҳо маротиба сангинтар аз солҳои 90-уми асри гузашта хоҳад буд, чунки агар дар он замон идеологияи фундаменталистӣ танҳо қисмате аз мавзеи ҷуғрофии мамлакатро фаро мегирифт, дар шароити кунунӣ мавзеи паҳншавии афкори ифротгароӣ қисмати бештари кишварро сироят кардааст».

Имрӯз мусаллам аст, ки сарчашмаи асосии пайдоиш ва рушди экстремизми динӣ, ки оқибат ба фаъолияти террористӣ табдил меёбад, дар баробари мавҷуд будани проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва динӣ ин фаъолияти муташаккилонаи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ мебошад, ки аз тарафи давлатҳои алоҳида барои ҳимояи манофеи худ дар Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна маблағгузорӣ ва дастгирӣ карда мешаванд.

Онҳо бо ҳар роҳу восита ворид сохтани идеологияи таҳрифшудаи диниро дар мафкураи ҷавонону наврасони ин манотиқ хеле моҳирона тарҳрезӣ намуда, ҷуғрофияи паҳншавии онро сол аз сол ривоҷ медиҳанд.

Ташаннуҷ ёфтани вазъият дар давлатҳои Шарқи Наздик, аз қабили Сурия, Ироқ ва Афғонистон, ки дар ҳудуди онҳо теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил ҳастанд ва ташаннуҷ ёфтани ихтилофот байни давлатҳои Эрон, Покистон ва Афғонистон вазъиятро боз ҳам ташвишовартар сохта, метавонад боиси муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҷангҳои минтақавӣ гардад.

Аз ин лиҳоз, хатарҳои муосире, ки имрӯз аз терроризм ва экстремизми байналхалқӣ бармеоянд, на танҳо ба амнияти давлати маҳбуби мо таҳдид менамояд, балки боиси аз байн бурдани давлатҳои бузург ва абарқудрати дунё шуда метавонад.

Рӯз то рӯз вазъияти ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дарозии сарҳади мо бо он беш аз 1400 км-ро ташкил медиҳад, муташанниҷ гардида, дар ҳудуди он ташкилотҳои террористии байналмилалии «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ал-қоида» ва «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон) фаъолияти худро вусъат бахшидаанд, ки бо таври мунтазам дар минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистон низ задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои давлатии Афғонистон ва онҳо ба вуқӯъ мепайвандад.

Ҳадафи асосии ин ташкилотҳои иртиҷоӣ дар тамоми манотиқи давлатҳои мусалмонтабор, хусусан Осиёи Миёна созмон додани давлати абарқудрати исломӣ бо ном «Хилофат», ки дар асоси қонунҳои шариат бояд амал кунад, мебошад.

Дар Тоҷикистон 90%-и шаҳрвандон дар мазҳаби ҳанафӣ буда, танҳо 5% онҳо шиамазҳаб (равияи исмоилия) мебошанд.

Ворид гардидани идеологияи «салафия-ваҳҳобия» дар ҳаёти динӣ-маънавии мардуми тоҷик аз интервентсияи афкори экстремистии ташкилотҳои иртиҷоии террористии байналмилалӣ шаҳодат дода, афкори онҳо ба муқобили афкори мазҳаби «ҳанафия» ва хусусан мазҳаби «шиа», равона буда, бе асосҳои илмии динӣ ва ақлонӣ мардуме, ки бо онҳо ҳаммаслак нестанд, «кофир» эътироф карда мешаванд. Ба ақидаи мо, муқобилгузории мусалмонон аз рӯи эътиқодҳои мазҳабӣ маҳз бо мақсади амалисозии манфиатҳои геополитикии давлатҳои иртиҷоӣ дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна сурат гирифта истодааст.

Ба фикри муҳаққиқони соҳаи сиёсатшиносӣ ба моилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баробари ташкилотҳои террористии байналмилалӣ фаъолияти ҷосусии давлатҳои алоҳидаи манфиатҷӯй мусоидат менамояд.

Онҳо таҳти ливои дини ислом мафкураи ҷавонону наврасонро ба ақоиди таҳрифшудаи экстремистӣ моил сохта, бо ин васила ҷомеаро аз рӯйи ангезаҳои мазҳабӣ ба муноқиша кашиданианд, ки дар оянда ба амнияти миллии кишвар таҳдиди бевосита дорад.

Барои решакан ва хунсо намудани ақида, афкор ва ҷаҳонбинии пурзалоти ифротӣ итиҳодияҳои ҷинояткори салафия ва ҳаммаслаконитакфирии онҳо ҳоло ҳам фурсатҳои зиёд ва омилҳои қавӣ дар ихтиёри миллат, давлат ва сокинони кишварамон қарор дорад.

Муқовимат бо ин зуҳуроти шум ва ташкилоти террористӣ, ки моҳияти байналмилалӣ касб намудааст, вазифаи ҳар шаҳрванд ва мусалмон аст. Бетарафӣ дар самти мубориза бар зидди шаклгирии салафия дар ҷомеа хиёнат ба миллату ватан, хиёнат ба мазҳабу фарҳанг, хиёнат ба падару модар, хиёнат ба мероси таърихӣ, хиёнат ба забони модарӣ, хиёнат ба фарзандон, хиёнат ба Қуръону суннат, хиёнат ба ислому имон, хиёнат ба Пайғамбар (с) ва уммат маҳсуб меёбад.

Муқовимат ба салафия ва ангезаҳои террористии онҳо ифтихор ва қарзи инсонии ҳар фарди бедор ва мусалмони воқеӣ аст.

Аз ҳамин лиҳоз, чанд нуктаи калидӣ ва омили асосии муқовимат ба салафияро баён ва пешниҳод менамоям.

Муқовимати динӣ ва илмӣ беҳтарин роҳи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла бар зидди иттиҳодияи экстремистии салафия ва ҳифзи амнияти давлатӣ мебошад.

Беҳтарин усул ва роҳҳои муқовимат бо иттиҳодияи экстремистии салафия ва пешвоёни бемазҳаби онҳо дар Қуръон ва аҳодиси Пайғамбар дарҷ гардидааст.

Қуръон ва суннат афзалтарин сипари боэътимоди амниятӣ дар муқобили хушунат, ифротгароӣ ва фатвои такфирии салафия буда, беҳтарин силоҳи саркӯбкунандаи ифротгароёни иғвоангез мебошад.

Саидаҳмад Нуров,

мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хатари ифротгароӣ

Хатари ифротгароӣ

Номаҳои Шумо
СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
ДИИШ зулмат аст

ДИИШ зулмат аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад

Марде, ки худро бадном ва оиларо доғдор мекунад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА