Дар як сатр
» » Қадри мардум сафар падид орад

Қадри мардум сафар падид орад

13-10-2018, 11:45

Имсол бо ибтикори фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ватани азизамон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Мардуми мо аз замонҳои хеле қадим ба сафар ва сайру саёҳат таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Ба андешаи онҳо, чӣ қадаре, ки инсон ҷаҳонгашта шавад, ҳамон қадар пухта мегардад. Носири Хусрави Қубодиёнӣ таъкид мекунад, ки «дар хона нишинӣ, танҳо нури аз равзана дохилшавандаи хуршедро мебинӣ. Агар рӯзро дидан хоҳӣ, бояд аз кулбаат берун бароӣ».
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасмим гирифтем, ки аз рӯзгори марди хоксору одӣ, ҷаҳондида, инсони ҳақталабу ҳақҷӯ, сайёҳе, ки бо дучархааш тамоми қаламрави ҷанубу шимоли кишвари азизамонро тай кардааст, қисса кунем. Ин марди наҷиб ва оҳанинирода, сабур ва пуртоқат Тӯра Шукури 67-сола мебошад.
Тӯра, Шукур соли 1952 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Айни замон дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Кӯшониён дар иҳотаи нуҳ фарзанду бисту панҷ набера давлати пирӣ меронад. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ӯ солҳост, ки машқи шеър мекунад. Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Бонги нимашаб» соли 2016 рӯйи чоп омадааст.
Рӯзе дар замини наздиҳавлигӣ машғули кори деҳқонӣ будам, ки Тӯра Шукур аз чойхонаи назди шаҳрак телефон карда, хост ба наздаш биёям. Зуд ба наздаш рафтам. Мо қариб чор соат суҳбат кардем. Мавзӯи суҳбатамон сафари тӯлонии бистрӯзаи ӯ буд.
Сайёҳ - қаҳрамони мо дар муддати 20 рӯз якчанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро бо дучарха сайр намудааст. Ӯ шӯхиомез мегӯяд, ки ҳангоми таваллудаш момодояҳо шояд «комашро бардошта, «сайёҳ шавад» гуфтаанд».
- Ман ҳамеша аз деҳаи Меҳнатобод то ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва маркази ноҳияи Вахш пойи пиёда рафта меомадам, - мегӯяд Тӯра Шукур. - Саёҳатро аз таҳти дил дӯст медорам. Хостам сафари бистрӯзаам ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рост ояд. Пагоҳии барвақт бо дучархаам аз деҳа баромада рост роҳи шаҳри Бохтарро пеш гирифтам. Аз бозор лавозимоти сафарро харида, ба шаҳри Левакант ва аз он ҷо рост ба ноҳияи Данғара рафтам. Ҳаво гармтар мешуд ва суръати ҳаракати ман сусттар мегардид. Роҳ кӯтал, баъзан сарнишеб мешуд. Зери сояи дарахтони писта каме дам гирифта, боз роҳамро идома додам. Бегоҳ, вақте ҳаво торик шуд, дар як қисми ҳарбии сарироҳӣ қарор гирифтам. Фардо баъди худоҳофизӣ бо сарбозон ба ноҳияи зебоманзари Данғара рафта расидам. Воқеан, ҳам Данғара хеле обод шудааст. Рӯзи дигарро дар деҳаи Ғарғара гузаронидам. Мардуми меҳмоннавози онҷо асосан ба чорводорию парандапарварӣ машғуланд. Хонаи ҳар як сокини он деҳаро бе мурғи марҷон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Гандуму ҷав, нахӯду зағир низ парвариш карда мешудааст…
Ҳамин тавр, Тӯра Шукур рӯзи дигар рӯ ҷониби мавзеи Кангурт гирифт. Замини Кангурт ба қаламрави ноҳияи Темурмалик дохил аст. Боғҳои навбунёд, иншоотҳои хуштарҳ ва қисме нотамом, ки мардум дар онҳо заҳмат мекашиданд ва гулбуттаҳои рангоранги саҳни пайкараи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ба он мавзеъ ҳусни дигар зам мекард. Тӯра Шукур мақбараи ин марди бузургро, ки дар баландии он мавзеъ воқеъ буд, зиёрат карда, баъдан аз осорхонаи шоире, ки аввалин шуда ба достони «Комде ва Мадан»-и Бедил ҷавоб гуфтааст, дидан карду бо якчанд дастхаташ шинос шуд. Дар роҳ боз оромгоҳи чандин шахсиятҳои барҷастаро зиёрат намуд.
- Сипас, аз роҳи Кангурт рӯ ҷониби Балҷувон ниҳодам, - ба нақлаш идома дод Тӯра Шукур. - Бояд гуфт, ки хазандаҳо дар Балҷувон хеле зиёд аст, вале морҳои он ҷо, аз рӯйи нақли мардум, ба касе зиён намерасонанд. Аз дарёи Сангоб ва Яхсӯ гузашта ба Калтачинор расидам. Ду рӯз беист борон меборид. Ҳаво тозаву табиат дилрабо менамуд. Кас аз ин табиати зебо ҳаловат мебурд. Муносибати одамонаш хубу мардуми хоксоранд. Дар деҳаи Калтачанор заводи асфалтпазӣ бунёд ёфтааст, ки наздики сесад нафар коргарон бо кори доимӣ таъминанд. Ин ҳама як иқдоми созанда дар роҳи бунёдкорӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад.
Аз Балҷувон ба Ховалинг раҳсипор шудам. Роҳ ҳамвор ва мумфарш буда, бо сифати баланди муҳандисӣ бунёд шудааст. Пас аз чанд рӯзи сафар ба Ховалинг расидам. Деҳаҳои гирду атрофро сайркунон ба сӯйи дараи Мухтор роҳ пеш гирифтам. Ман бесаброна ин дараро дидан мехостам. Вале расидан ба дараи Мухтор басо мушкил буд. Ниҳоят, ба қадамҷои Восеъи мубориз расидам. Дараи Мухтор калонтарин деҳаи ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад. Ба осорхонаи дараи Мухтор рафта, ҳамон кундаҷувозе, ки замоне Восеъ ба воситаи он равған мекашид, тамошо кардам. Дуруд, ба бародарони хатлонӣ, ки замони Манғития ба зулму ситам тоқат накарда, бо роҳбарии Восеи баҳодур ба шӯриш алайҳи бедодгарон хестанд, таҳсину офаринҳо хондам.
Вақте аз дараи Мухтор баргаштам, торикӣ ҳамаҷоро фаро мегирифт. Ғанабам бурда мондааст. Чун чашм кушодам, тӯдаи гургон ва ду-се сар хирси бадвоҳимаро дидам, ки аз дарёчаи аз наздам ҷорӣ об мехӯрданд. Одатан, шабона ҳар куҷое, ки мехобидам, гулхан фурӯзон мекардам, то ки дарандаҳо наздик нашаванд. Рӯзи баъдӣ мазори Ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, деҳаҳои Яхсӯ, Сияҳпӯшон, Таги ҷар, Мобайни ҷар, Болои ҷарро низ дида баромадам.
Сипас, ба шаҳри Кӯлоб расида, тавассути кӯчаи Шамсиддин Шоҳин ба мақбараи аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расидам. Баъди зиёрати оромгоҳи ин шахсияти барҷаста ва тамошои ин шаҳри таърихӣ хулоса намудам, ки Кӯлоб калонтарин шаҳр дар вилоят ва зеботарин мавзеъ дар минтақа мебошад. Аз шаҳри бостонии Кӯлоб ба ноҳияи Восеъ раҳсипор шудам. Баъди тамошои ёдгориҳои қадимаи қалъаи Ҳулбук ман ба деҳаҳои Қурбоншаҳид, Гулистон, Олимтой рафта, бо мардуми ин деҳаҳо мулоқот кардам. Аҳолии ин минтақа асосан ба пахтакорӣ ва боғдорӣ машғуланд. Сипас, ба деҳаи хеш баргаштам. Аҷибаш ин буд, ки бист рӯз чӣ тавр гузашт, нафаҳмида мондам.
Сафари бистрӯза ба Тӯра Шукур нишон дод, ки мардуми мо бештар ба меҳнати бунёдкорона машғуланд. Аз сиёсати Пешвои миллат қаноатманд буда, бо кору амали хеш нишон медиҳанд, ки ин ватани маҳбубро, ки Тоҷикистон ном дорад, боз ҳам ободу шукуфон мегардонанд.
Қобили зикр аст, ки Тӯра Шукур дар гузашта бо дучархаи номдораш сафари 77-рӯзаро ба вилояти Суғд низ анҷом додааст, ки аз шахсияти дар сайру саёҳат завқманду пуртоқат буданаш дарак медиҳад. Матлаби хешро бо мисраъҳои ҳаким Саноӣ хулоса мекунем:
Қадри мардум сафар падид
 орад,
Хонаи хеш мардро банд нест.
Чу ба санг андарун бувад
гавҳар,
Кас надонад, ки қимматаш
 чанд аст?
 
Ҳотам Ҳоҷӣ,
омӯзгори собиқадори МТМУ №1-и ноҳияи Кӯшониён


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чашмаҳои шифобахши кӯҳистон

Чашмаҳои шифобахши кӯҳистон

Тандурустӣ ва экология
Ховалинг мавзеи тамошобоб аст

Ховалинг мавзеи тамошобоб аст

Туризм
Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Чеҳранигорӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Туризм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР