Дар як сатр
» » Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

15-10-2018, 08:42

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон машқи махсуси тактикӣ-мудофиаи граждании худро дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»-и шаҳри Левакант гузаронид. Мавзӯи машқи тактикӣ «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми эвакуатсия намудани аҳолӣ пеш аз сар задани ҳолатҳои фавқулода» буд.

Оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ доир шуд. Дар он Ҷобир Шарипов, сардори Маркази таълимӣ-методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, оид ба маҳкамшавии дарҳои хонаҳои шаҳрвандон дар биноҳои истиқоматии баландошёна ва бе назорат намондани кӯдакони ноболиғ ба сокинони маҳаллӣ ва кормандони КВД «Пойгоҳи боркашӣ»-и шаҳри Левакант маслиҳатҳои муфид дод.

Дар машқи мазкур дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлонва афсарони бахши шаҳри Левакант фаъолона иштирок намуданд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ду кӯдакро наҷот доданд

Ду кӯдакро наҷот доданд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Тандурустӣ ва экология

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология