Дар як сатр
» » Минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ бошанд

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ бошанд

12-10-2018, 10:37

Аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон 10 сол сипарӣ шуд. Аз шумори умумии минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат, ки ба чаҳор адад мерасад, дутояш – МОИ "Данғара” ва МОИ "Панҷ” - дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгиранд. Минтақаҳои мазкур бо чӣ ҳадаф таъсис ёфтаву дар зарфи 10 сол ба чӣ дастовардҳо ноил шудаанд?

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 2008, таъсис ёфт.

МОИ «Панҷ» дар ҳудуди мавзеи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун, маҳалли наздик ба марзи Афғонистон, дар масоҳати беш аз 400 гектар бунёд гардидааст. Минтақаи мазкур бо мақсади рушди тиҷорату иқтисоди Тоҷикистон, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, татбиқи таҷрибаи намунавии идора ва менеҷмент, афзоиши содирот, рушди шаҳрсозӣ дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ, бунёди инфрасохтори истеҳсолию мухобиротӣ, ҷодаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар муҳлати 25 соли оянда таъсис дода шуд.

Бо мақсади ҷалби сармоя ба минтақаи озоди иқтисодӣ, тибқи қонун, як идда имтиёзҳо аз андоз ва гумрук пешбинӣ шудааст. Масалан, қимати истифода аз ҳар як метри мукааб замини минтақаи озоди иқтисодӣ як доллари амрикоӣ муқаррар гардидааст. Аммо шарти аслии минтақаи озоди иқтисодӣ барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ин аст, ки сармоягузор бояд корхонаи истеҳсолӣ бунёд карда, ҳаҷми сармояи аввалияаш на кам аз ним миллион доллари амрикоӣ бошад.

Ҳаҷми сармояи мустақим ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар тамоюли афзоишро касб карда, танҳо дар солҳои 2011-2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шуд. Дар ин солҳо аз буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2 феврали соли 2009 таъсис ёфт. МОИ «Данғара» низ ба муҳлати 25 сол дар масоҳати умумии 242,31 гектар қитъаи замин, ки  аз ҳудудҳои алоҳида (маҳдуд) иборат аст,  таъсис дода шудааст.

Ба ҳолати семоҳаи якуми соли 2018 дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 63 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъекти МОИ ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» рост меоянд. Аз шумораи умумии субъектҳо 27 ширкат аллакай истеҳсолотро шурӯъ намудаанд, ки бозори фурӯши маҳсулотҳои онҳо ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россияро дар бар мегирад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ низ бақайдгирии субъектҳои нав дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки самтҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, логистикӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Инчунин, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот мусоидат хоҳанд кард.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №664, Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро оид ба рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъмин менамояд.

Мақсади асосии таъсиси МОИ «Данғара» ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент, таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва кишвар дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, тараққӣ додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ,  таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди шаҳрсозӣ дар минтақаҳои атрофи МОИ «Данғара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои иловагии корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад.

Тибқи низомнома, дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории МОИ «Данғара», ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, манъ аст.

Намудҳои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данғара» коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти трикотажӣ, матоъҳои сунъӣ ва синтетикӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, матоъҳои тайёр ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, коркарди пӯсти чорвои майда ва калон бо истеҳсоли маҳсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин, рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр барои соҳаи дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъҳои пардаворӣ ва рӯйкаш барои мебелсозӣ, истеҳсоли фурнитураи истифодаи гуногун,  истеҳсоли курсию мебел, истеҳсоли рангҳои гуногуни сунъӣ ва синтетикӣ,  истеҳсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза, мошинсозӣ  (васлкунӣ ва истеҳсоли автомобилҳо, тракторҳо ва  техникаи гуногунтамға барои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо, таҷҳизот ва техникаю технологияи соҳаи коркард, хизматрасонӣ ва ниёзи мардум, насосҳои обкаш ва дигарҳо) истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва биоиловагиҳо барои соҳаи кишоварзӣ,  коркарди сангҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ ва ғайра муқаррар гардидааст.

Соли гузашта дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз НБО-и «Сангтӯда-1» ва зеристгоҳи «Шар-Шар» хатҳои баландшиддати барқ оварда шуд ва ду трансформатори чинии иқтидораш 125-мегаваттӣ насб гардид. Бунёди зеристгоҳ  ва кашидани хати барқи баландшиддат маънои онро дорад, ки дар натиҷаи ин ҳама тадбирҳои муҳим умдатарин мушкил - таъмини субъектҳои минтақа бо барқ аз байн бардошта мешавад.

Ба иттилои муовини сардори МОИ «Данғара» Сафаралӣ Тайфуров, айни замон миқдори субъектҳои қайдшудаи минтақа ба 31 адад расидааст ва 21-тои онҳо фаъоланд. То соли гузашта бо иқтидори мавҷуда ин ҳамаро бо барқ таъмин кардан имкон надошт. Акнун ҳам корхонаҳои феълӣ ва ҳам баъдина дар муҳлатҳои наздиктарин пурра бо неруи барқ таъмин мешаванд. Соли 2017 дар МОИ «Данғара» чор субъекти нав - ду ширкат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, дуи дигар бо маблағи инвесторони ватанӣ - ба қайд гирифта шуд. Имсол боз ду субъекти нав, яке пурра аз ҳисоби маблағи соҳибкорони маҳаллӣ, ки ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ машғул  мешавад ва дувумӣ - ҶДММ «Даво» аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва мисрӣ бунёд хоҳад шуд. Бештар аз 20 намуд доруворӣ чун маҳсулоти воридотивазкунанда бароварда мешавад. Ҳамчунин, як корхонаи нав аз ҷониби ҶДММ «Лолазор - 88» мавриди истифода гашт, ки масолеҳи сохтмонӣ-саноатӣ истеҳсол мекунад.

Корхонаи қубурҳои пластикӣ, ки ҶДММ «Тоҷпласт-1» бо таҷҳизоти муосир бунёд кардааст, аз калонтарин истеҳсолоти минтақа ба шумор рафта, порсол ба маблағи 10 миллион сомонӣ қубурҳои полиэтиленӣ баровард. Дигар корхонаҳо, дар маҷмӯъ, ба миқдори 9 миллион сомонӣ. Ба қавли С. Тайфуров, ба маҳсулоти хушсифати корхонаи зикршуда дар бозори дохилӣ талабот калон аст, хоса корхонаҳои калонтарини кишвар, аз ҷумла неругоҳи бунёдшавандаи «Роғун». То қарибӣ ин намуди молро пурра аз хориҷа меоварданд.

Аз оғози фаъолияти истеҳсолии МОИ «Данғара» то имрӯз ҷалби маблағ ба беш аз 1,5 миллиард сомонӣ расидааст. Танҳо соли 2017 ҳаҷми сармоягузорӣ зиёда аз 91 миллион сомониро ташкил дод, ки дар байни чор минтақаи мавҷудаи кишвар натиҷаи беҳтарин мебошад. Бо кӯшиши маъмурият роҳҳои дохилӣ сохта шуд, дар навбат сохтмони хати қубурҳои обпарто, лоиҳаи хати дуюми об ба минтақа низ таҳия шуд. Чун теъдоди субъектҳо пайваста меафзояд, иқтидори кунунии хати оби мавҷуда кофӣ нест ва андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.

Айни замон маъмурият пурра аз тариқи худкифоӣ фаъолият мекунад. Яъне агар қаблан барои пешбурди кори он аз ҳисоби буҷети давлат соле 400 ҳазор сомонӣ ҷудо мегашт, аз моҳи сентябри соли 2017 маблағгузории давлатӣ барои фаъолияти маъмурият анҷом ёфт, яъне маоши кормандони дастгоҳи МОИ «Данғара» аз ҳисоби фаъолияти минтақа таъмин мешавад.

Албатта, дар баробари дастовардҳо, инчунин минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» дорои мушкилоти вобаста ба ташкили инфрасохтор мебошанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав-батиашон ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ диққати хоса дода, аз ҷумла гуфтанд: «Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад. Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳаматарафа омӯхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд».

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар сурати дуруст ташкил кардани кор метавонанд муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ, тиҷорати беруна ва сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳамчунин, сиёсати комилтари иқтисодӣ ва ислоҳот гарданд.

М. Носирҷон,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Тк ойл» моҳи сентябр ба кор медарояд

Хабарҳо
Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ д ...

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ д ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Матолиби чандрасонаӣ
Бунёди 2 корхонаи нав дар МОИ «Данғара»

Бунёди 2 корхонаи нав дар МОИ «Данғара»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ихтисоси 1,2 миллион сомонӣ ба МОИ “Панҷ”

Ихтисоси 1,2 миллион сомонӣ ба МОИ “Панҷ”

Хабарҳо