Дар як сатр
» » Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

13-10-2018, 08:35

Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» рӯзи 12 октябри соли равон дар ноҳияи Темурмалик доир мегардад. 15 октябр дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошочиён ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд.

Даври аввали Фестивал-озмун дар шаҳру навоҳии мамлакат то 17 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт. Нимаи дуюми моҳи ноябр даври дуюми фестивал дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ 24 ноябри соли ҷорӣ, дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ аст.

Фестивал-озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мар-думӣ «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат мебошад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо

Кӣ ғолиби «чароғи ҳидоят» мешавад?

Хабарҳо
Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА