Дар як сатр
» » Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

11-10-2018, 10:33

Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ташкилоту корхонаҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон озмуни  вилоятии «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро роҳандозӣ кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷараён дорад. Дар ҳамин замина дар шаҳри Кӯлоб шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатиеро ташкил намуд, ки ҳунармандони зиёдро ба ҳам овард.

Алишер Гадоев аз Ҷамоати деҳоти "Зарбдор” бо маҳсулоти омодакардааш ба ин озмун омадааст. Алишер, аслан, табақу қошуқ ва дигар ашёи рӯзгорро омода месозад. Имсол бошад, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ асбобҳои зарбӣ, аз ҷумла дойраю таблаксозиро омӯхта, ашёи омодакардаашро ба маъраз   гузоштааст. Алишер мегӯяд, ки дар бисъёр намоишгоҳ ва озмунҳо ширкат варзида,  маҳсулоти омодакардаашро ба фурӯш баровардааст ва аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст овардааст.

Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони ҷамоат-ҳои деҳоти Кӯлоб нону кулча чаканию қаламарезгӣ, маҳсулоти дуредгарӣ, нақшу нигори миллӣ, расмҳои гуногун ва хӯрокҳои миллиро пешниҳод карданд. Мавриди зикр аст, ки рӯз аз рӯз маҳсулоти ба намоиш овардаи ҳунармандон бо зебоию гуногунрангӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Озмуни вилоятии "Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Кӯлоб беш аз 30 нафар ҳунармандонро бо ҳам овард. Сардори шуъбаи САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Муъмина Иброҳимзода мегӯяд: «Даври аввали озмунро дар ҷамоатҳои деҳот гузаронидем ва ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Акнун беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ меёбанд».

Дар ҳамин зимн ҳамоише баргузор гардид, ки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилзода, сардори Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон Зиннат Сафарзода ва дигар меҳмонон оид ба фаъолияти шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмуни "Ҳусни хатти беҳтарин”, пешгирӣ аз фарҳанги бегонапарастӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ки дар шаҳри Кӯлоб давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 165 ададро  ташкил намуда,  ташвишовар    мебошад, сухан ронданд. Дар ҳузури тамошобинон чанд саҳнаи оилавӣ аз ҷониби ҳунармандони қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб” намоиш дода шуд. Ба ғолибони озмуни ҳунарҳои мардумӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тақдим гардид. Тарроҳони шаҳри Кӯлоб намоиши либосҳои миллиро ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд ва беш аз 30 намуди сарулибоси чакану атлас ва аз дигар матоъҳо омодашуда пешниҳод гардид. Чорабиниро барномаи фарҳангии  ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб анҷом бахшид.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо

Кӣ ғолиби «чароғи ҳидоят» мешавад?

Хабарҳо
Дарёфти чеҳраҳои нав

Дарёфти чеҳраҳои нав

Фарҳанг ва адабиёт
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ