Дар як сатр
» » Либос яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад

Либос яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад

14-10-2018, 07:45

Тоҷикон аз қадим либоси миллии худро маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ, халқи мо аз азал либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Вале, мутаассифона, имрӯзҳо ҳолатҳои шигифтангезеро мушоҳида мекунем, ки баъзе занон сиёҳпӯшӣ мекунанд. «Либоси сиёҳ рамзи торикию бадбахтист», мегӯянд.
Соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суханрониашон дар мулоқот бо намояндагони вилояти Хатлон аз кирдору рафтори имрӯзаи баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла бархе аз ҷавонону бонувон, ки гирифтори афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан хурофоту бегонапарастӣ шуда, ҳатто ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид мекунанд, изҳори ташвиши ҷиддӣ карда буданд. "Занону духтарони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо ҳамчун миллати бостонӣ сару либоси миллӣ ва тарзу одоби либоспӯшии худро дорем”, - таъкид медоранд Пешвои миллат.
Миллати тамаддунпарвари тоҷик ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нест ва мо мазҳаби таҳаммулгарои худро дорему аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона намеравем.
Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ иборат аз занҳои ботаҷрибаю кордон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар байни занон ҷиҳати ба фарҳанги бегона нагаравидани бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. Масъулин махсусан бо ҷавондухтароне, ки ба фарҳанги ғайр рӯ овардаанд, суҳбатҳои муфид мегузаронанд.
Дар робита ба ин масъала, суҳбате доштем бо чанде аз сокинони маҳаллӣ, ки фишурдаи онро манзури хонандаи арҷманд месозем.
 
Бахтиёр Қодиров, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
- Ҳастанд донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки зери таъсири хурофотпарастон либоси барои мардуми мо бегонаро муаррифӣ мекунанд. Нафароне, ки мафкураи онҳо баланд нест, ҳисси ватандӯстӣ надоранд, бештар либосҳои зикршударо ба бар мекунанд. Бонувони ҳиҷобпӯшеро дидаам, ки рафтори хуб надошта, ҳарфҳои дурушт мегуфтанд. Духтарону бонувони тоҷик бояд либосеро интихоб кунанд, ки мувофиқ ба анъанаҳои бойи миллиамон бошанд ва хулқу атворашон ба либоси пӯшида мувофиқат кунад.
 
Шукрона Мирова, ризокори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
- Мо, тоҷикон, мақоле дорем: «Хонаву палос, одаму либос». Ҳар як миллатро бо либос, забон, фарҳанг ва муқаддасоти миллиаш мешиносанд. Аз рӯйи тарзу маданияти либоспӯшӣ, рафтору гуфтор, соҳибилм будан ё набудани ҳар як инсонро метавон муайян кард. Бояд зикр кард, ки дар ҷомеаи муосир, тибқи мушоҳидаҳо, пӯшидани либоси миллӣ зиёд ба назар мерасад. Аммо либосҳои сиёҳу сатру ниқобро гоҳе ҷавондухтарон дар пайравӣ ба бегонапарастон мепӯшанд. Либоси сатру сиёҳ ба ман мақбул нест, ҳеҷ гоҳ қабул надорам ва нахоҳам дошт. Рӯй овардан ба фарҳанги дигар халқу миллатҳо ба пешравии кори занону духтарони тоҷик монеа мегардад.
 
Умед Назаров, омӯзгор:
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯрии хеш масъалаи мавқеи хоса пайдо намудани занонро дар ҷомеа зикру баррасӣ намуда, модаронро бо итминон посдорандаи арзишҳои оливу арҷгузор ба фарҳанги миллӣ номида, дар рӯҳияи хештаншиносӣ камол ёфтани фарзандонро маҳз ба онҳо рабт медиҳанд. Аммо қисмате аз ин тоифаи поку офарандаи ҳаётро, ки бо иштибоҳи хеш дар нуфузу эътибори миллату ҷомеа таъсири манфӣ мегузоранд, чӣ гуна метавон дар ҷодаи дуруст раҳнамоӣ кард? Бояд бештар падару модарон диққат диҳанд, зеро агар волидайн худ либоси миллиро ҳурмату эҳтиром накунанд, аз он ҳеҷ гоҳ фарзанд ибрат намегирад. Мо дар ин ҷо шаъну шарафи занону ҷавондухтарони тоҷикро паст заданӣ нестем, лекин аз ҳамаи онҳо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба либоси хориҷӣ кам мароқ зоҳир намоянду ба либоси миллӣ рӯ биёранд.
Либоси миллии мо ҳеҷ зиддияте ба таълимоти ислому Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати тоҷик дорад, кушод асту тозаву озода. Дини мубини ислом инро қабул мекунад. Мо набояд ба тақлидкорӣ роҳ дода, бо либоси бегона ифтихор кунем.
Ҳар вақте ки зани сатру хиҷоби сиёҳпӯшеро мебинем, фикр мекунем, ки ӯ мотамзада бошад. Ҳатто дар ҳолати мотам доштан либоси сиёҳ хосияти хуб надорад. Дар чунин ҳолат, яъне мотамдорию азодорӣ либоси сабз беҳтарин либос аст, ки то якчанд рӯзи муайян ба бар карданаш ҷоиз мебошад. Бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд. Фирдавсии бузург фармудааст:
 
Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,
Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд.
Мавлуда Гулова, донишҷӯ:
- Солҳои охир рӯ овардани баъзе аз ҷавондухтарони тоҷик ба фарҳанги либоспӯшии бегона, аз ҷумла ба бар намудани либосҳои сиёҳ ва ба сар намудани сатру ҳиҷоби сиёҳ ташвишовар буда, аз бегонапарастии ин тоифа одамон дарак медиҳад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём дорои либоси миллии худ буда, духтарони тоҷик бо тоқиву атлас, адрас ва модарони тоҷик бо гардию либосҳои миллии худ фахр мекарданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба сатру ҳиҷоби сиёҳи бегона ниёз надоштанду надоранд. Агар назар андозем, ба ақидаи ин гуна нафарон, пӯшидани сатр онҳоро аз чашм паноҳ медорад. Вале баробари ба сар намудани сатр онҳо либосҳои танг ва ороишоти зиёдро истифода намуда, ба чашми ҳамагон намоён мегарданд ва бар хилофи гуфтаи хеш амал менамоянд.
Ҳар як фарди тоҷикро мебояд барои шинохт дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун тарғибгари урфу анъанаҳои худ гардад. Дар кӯчаҳои зебои кишварамон бо либосҳои миллии ба мо хос гашту гузор намоянд, то ҳар як сайёҳе ба кишвари мо ташриф меорад, донад, ки халқи тоҷик чӣ либоси шинаму зебанда доштааст. Дар ин маврид касе наметавонад бо ниятҳои ғаразноки хеш ин фарҳанги қадимаро аз байн бараду ба ҷои он фарҳанги хешро ҷорӣ намояд.
Сарҷамъона амал кардан метавонад дар пешгирӣ аз паҳн шудани расму ойини миллати бегона дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ асос гузорад.
 
Ба ҷойи охирсухан:
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар яке аз мақолаҳои худ барҳақ нигоштаанд, ки дар раванди нигоҳдошт, ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллию фарҳангӣ нақши занону модарон басо бузург аст ва онҳо қодиранд робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳувияти миллиро таъмин намоянд. «Ин рисолат дар замони муосир аҳамияти махсус пайдо кардааст. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад», - зикр мекунад М. Хидирзода.
Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади муайян кардани гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона соли 2015 аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуд. Тадқиқот муайян намуд, ки сабаби рӯ овардани занон ба либоси бегона тақлидкорӣ, мӯд пиндоштани чунин либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ, водорсозӣ аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила, инчунин таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо ва дигар василаҳо мебошад. Дар ин раванд таъсири мардони оила низ боиси таассуф аст. Сатҳи хурофоти баъзеи онҳо то дараҷае баланд аст, ки дар назди зан масъалаи интихоб байни либоси бегона ва оиларо мегузоранд. Дар чунин ҳолат, албатта, аксарияти занон пойдории оиларо интихоб намуда, маҷбуран либоси бегонаро ба бар мекунанд.
Ҳамчунин тадқиқот муайян намуд, ки бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллии мо ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта наметавонанд. Ва ҳамон сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд. Аз ин рӯ, тавре М. Хидирзода таъкид медорад, зарур аст, ки ҳарчи бештар либоси миллии мо ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллии мо ҳаматарафа тарғибу ташвиқ карда шавад. Барои пешгирӣ аз ин раванд боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ бағоят муҳим буда, ба мо зарур аст, то дар ҷомеа ҳарчи бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем.
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
То кай ба фарҳанги миллиамон беэҳтиромӣ мекунем?

То кай ба фарҳанги миллиамон беэҳтиромӣ мекунем?

Мусоҳибаи мо
Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Матои синтетикӣ зарар дорад

Матои синтетикӣ зарар дорад

Тандурустӣ ва экология