Дар як сатр
» » Забон - таҷассумгари миллат

Забон - таҷассумгари миллат

9-10-2018, 11:13

Бо  ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Забон - таҷассумгари миллат» барпо гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, як гурӯҳ забоншиносон ва устодону донишҷӯёни бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ширкат варзиданд.

Сараввал, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят, ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи  забони давлатӣ табрик гуфта, қайд намуд, ки забони мо бо истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ибтидои пайдоишаш забон яке аз омилҳо ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд.

- Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳомиёни аслии забони тоҷикӣ буда, баҳри ҳифзи асолати забон ва рушди он саҳми бориз доранд, - зикр кард М. Хидирзода. – Тавре ки Роҳбари давлат таъкид доштаанд, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

Сипас, Усмон Билолӣ - шоир, дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ - сипари боэътимоди миллат», Латофат Сироҷова - корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар, дар мавзӯи «Забон - рукни миллат», Шамшоди  Ҷамшед - мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои забон дар таҳрири «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ», Мавҷуда Давлатова - омӯзгори фанни забони тоҷикӣ дар литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар, дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ - вассофи сулҳу дӯстӣ», Назира Тағоева - донишҷӯи соли дуюми коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Забони миллат - ҳастии миллат» ва Райҳона Раҳматова - унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ - асоси худшиносии халқи тоҷик» маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

Дар конфронс таъкид шуд, ки дар баробари дастовардҳо ва рушди забони давлатӣ, инчунин раванди номатлуб, яъне муносибати бемасъулиятонаи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ, ҳатто дар гуфтори намояндагони аҳли зиёи мамлакат ба забони адабӣ ба мушоҳида мерасад. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки гоҳо дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳнаи театрҳо, навиштаҷоти аҳли қалам гуфтору навишти омиёна ва ё лаҳҷаҳо забони адабиро тақрибан танг карда мебароранд ва инчунин таъкид намудаанд: «Дуруст аст, ки устод Айнӣ лаҳҷаю шеваҳои гуногунро як манбаи ғанӣ гардидани забони адабӣ шуморидааст. Ва мо бояд аз лаҳҷаҳо дурдонаҳо пайдо кунем ва дастраси умум гардонем. Вале ин ҳаргиз маънои поймол кардани меъёрҳои забони адабиро, ки дар давоми садсолаҳо ташаккул ёфта, сайқал хӯрдаанд ва бори адабиёти ҳазорсолаи классикии моро кашидаанд, надорад».

Дар анҷоми конференсия донишҷӯён дар васфи забони давлатӣ аз ашъори шоирони муосир шеърҳои пурмазмун қироат намуданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”

Аксбардор Зубайдулло Қодирӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамадонӣ: таҷлили рӯзи забони давлатӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Фарҳанг ва адабиёт

Шоҳсутуни миллат забони модарист

Фарҳанг ва адабиёт
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР