Дар як сатр
» » Аз Меҳргон то Меҳргон

Аз Меҳргон то Меҳргон

9-10-2018, 11:01

Рӯзи 6 октябри соли равон дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ  аз намоишу фурӯши  маҳсули дастранҷи барзгарон, ҳунармандон, таббохон дидан намуданд. Дар ҳар қадам навъҳои гуногуни меваю сабзавот, полезӣ, асали хуштаъми кӯҳистон ва дигар маҳсулоти аз занбӯри асал истеҳсолшуда диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Дар ин рӯз ҳамчунин идҳои харбуза, асал ва озмуни оши палав низ доир гардид. Кадбонувони боҳунар беҳтарин хӯрокҳои миллӣ, кулчаю чаппотӣ ва дигар хӯришҳоро пешкаши ҳамагон намуданд.

Раиси вилояти  Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ҳамагонро бо ҷашни Меҳргон ва идҳои асалу харбуза ва озмуни оши палав табрик гуфта,  таъкид дошт, ки Меҳргон иди ҳосили деҳқон буда, аз қадим ниёгонамон онро ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил менамуданд. Ҷашнгирии иди Меҳргон аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Меҳргон ҳамчун иди миллӣ қайд карда мешавад. Тавре ки дар ҷамъомад зикр гардид, Меҳргон ҳамчун иди ҳосил, ситоиши меҳр, рамзи аҳду паймон, муҳаббат, иди фаровонӣ, шодиву нишот таҷлил мегардад. Аз қадим ниёгонамон дар ин рӯзи нек оташи муқаддас афрӯхта, дастархон ороста,  ин санаи таърихиро ҷашн мегирифтанд. Сарчашмаҳои куҳан шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони мо дар ин рӯз либосҳои ягонаи авлонӣ пӯшида, рӯйи суфраи авлонӣ шамъ, ширинӣ, ҳазориспанд, хӯрданиҳои миллӣ ва заъфарон гузошта, бо як шодиву нишот ин рӯзро ҷашн мегирифтанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку хамида ва фарҳанги волои ниёгон шаҳодат медод.

Иди ҳосилот, намоиши дастранҷи деҳқон, пешниҳоди шарбати обу мева, базму  нишот  таҷассумгари  расму суннати ниёгони инсонӣ буда, файзу баракат, аз барзгарон  некиву ободгарӣ  нишон буд. Аз Меҳргон то Меҳргон кишоварзон барои расидан ба дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ талош меварзанд ва баҳри дар амал татбиқ гардидани сиёсати аграрӣ, амнияти озуқаворӣ  пайваста талош доранд. Тавре ки раиси вилоят таъкид дошт, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ барои аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ табдил додан бояд беҳтару бештар талош варзем.

Ҳамин тавр,  раиси вилоят ҳозиринро ба рӯзи ҷашни Меҳргон - идҳои харбузаву асал ва озмуни оши палав табрик гуфта, ба деҳқонон барору комёбиҳо таманно намуд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саторӣ низ  ҳозиринро ба  ҷашни  Меҳргон табрик намуда, иброз дошт,  ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон нишоне аз гузаштаи аҷдодон аз нав эҳё гардида, дар тамоми гӯшаву канори ватани азиз ҷашн гирифта мешавад. Номбурда таъкид дошт, ки кишоварзӣ соҳаи асосии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Ҳамасола деҳқонон дар майдони беш аз 320 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронида, баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат ранҷ мекашанд.

- Беш аз 70 фоизи ҳаҷми умумии  маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад. Соли 2017 деҳқонони вилоят 4,6 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки 12,7 миллиард сомониро ташкил дод. Саҳми деҳқонони Хатлон дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ назаррас аст, - зикр намуд Иззатулло  Сатторӣ зимни суханронӣ.

Кумитаи тадорукот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Меҳргон омодагии шаҳру ноҳияҳоро ҷиҳати баргузории иди харбузаву асал ва озмуни оши палав санҷида,  ғолибони идҳои асал, харбуза ва озмуни оши палавро  муайян намуд. Ба ғолибон туҳфаҳои пуливу сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуд. Тавре ки равшан гардид, дар ҷамъбасти иди асал занбӯриасалпарварони ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи аввал, Муъминободу Ховалинг сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд. Деҳқонони ноҳияи Ҷ. Балхӣ сазовори ҷойи якум дар озмуни иди харбуза,  ноҳияи Вахш ҷойи дуюм ва кишоварзони ноҳияи Панҷ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар озмуни оши палав бошад, таббохони ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи якум, Кӯшониён ҷойи дуюм ва ноҳияи Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин, шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Балҷувон, Ш. Шоҳин, Шаҳритӯс, Н. Хусрав, Темурмалик, Фархор, Восеъ  ва шаҳрҳои Бохтару Норак соҳиби сипосномаҳо гардиданд.  Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода туҳфаҳоро ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол супорида, барору комёбиҳо таманно намуд.

 

Вахшона,

«Хатлон»

Аксбардор Далер ШАРИФОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Ҳокимияти давлатӣ
Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ
Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА