Дар як сатр
» » Ҳамадонӣ: таҷлили рӯзи забони давлатӣ

Ҳамадонӣ: таҷлили рӯзи забони давлатӣ

10-10-2018, 09:59

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки Санифамоҳ Тағаймуродзода, муовини раиси ноҳия, омӯзгорон, хонандагону  донишҷӯён, аҳли зиё  ва аҳли ҷамоатчигии  ноҳия доир  гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, пеш аз  оғози чорабинӣ меҳмонон  аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  аз   қабили   чакандӯзӣ, гулдӯзӣ,   бофандагӣ,  ҷӯроббофӣ,  адрасбофӣ,   ҷиҳози   арӯсӣ, кандакорӣ,  чӯбкорӣ,  оҳангарӣ, сабадбофии  ҳунармандони  ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот ва   намунаи дастоварду  ихтироъкориҳои   хонандагони муассисаҳои  таълимии  ноҳия дидан  намуданд.

Сараввал, С. Тағаймуродзода дар мавзӯи  «Президент –ҳомии забони миллат» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо кардааст. Дар натиҷа, ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ  ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

- Як рукни давлатдорӣ, ҳастии миллат, бузургтарин сарвати бебаҳои халқ забони модарист,- иброз намуд Илёсиддин Набиев. - Пояи устувори давлатдориву нишони мавҷудияти миллат забони ӯст. Мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки соҳиби забони ширину гуворо, гӯшнавозу қадимӣ ва пурғановат, забони шеъру адабиёти оламгир ҳастем.  Тавре ки Пешвои муаззами  миллат Эмомалӣ Раҳмон фармудааст:  «Тоҷикистон остонаи муҳаббату дилгармии ҳамаи онҳоест, ки моҳияти забони шоирона ва башардӯстонаи моро медонанд».

Дар идома хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз эҷодиёти шоирону адибони классику муосири адабиёти тоҷик шеърҳо ва порчаҳои насрӣ қироат намуданд. Ҳамчунин, иштироккунандагони фаъоли маҳфил аз ҷониби КИ ҲХДТ  дар ноҳия бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 Дар охир, аз тарафи  ҳунармандони  Филармонияи мардумии  ба номи Одина Ҳошимов барномаи  махсуси  идона пешкаши  ҳозирин гардонида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Номаҳои Шумо

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

Фарҳанг ва адабиёт
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ