Дар як сатр
» » Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

13-10-2018, 09:56

Дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Забон-инъикоскунандаи миллату фарҳанг» бо иштироки Заррина Оқилова, раиси комиссияи забони назди китобхонаи вилоятӣ, Фирӯзи Сайидмуъмин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Абдуқаҳҳоров Сарахон, корманди бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Зимни тасдиқи ин хабар Саодат Абдуллоева, муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номиСадриддин Айнӣ дар шаҳриКӯлоб, ба рӯзномаи "Хатлон” гуфт: "Мақсад аз баргузории конфронс он аст, ки насли имрӯзу фардоро мебояд, ки забони модарии хешро эҳтиром намоянд ва онро ҳамеша ҳифз кунанд”.

- Забон ифодагари тафаккури шахс ва миллат аст ва насли имрӯза дастовардҳои маънавии худро ба насли оянда тавассути забон мерос мегузорад. Вазифаи аввалиндараҷаи наврасону ҷавонон илму дониш омӯхтан ва дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад, - таъкид намуд С. Абдуллоева.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Забон - таҷассумгари миллат

Забон - таҷассумгари миллат

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА