Дар як сатр
» » Қарздорӣ аз музди меҳнат

Қарздорӣ аз музди меҳнат

12-05-2017, 08:32

Қарздорӣ аз музди меҳнат


Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум яке аз ҳадафҳои аслии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар ин самт пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Аввали моҳи майи соли равон амри раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи ташкил намудани Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат ба тасвиб расид. Мақсад аз ин амри раиси вилоят сари вақт ҳисобӣ намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, пардохти саривақтии он, барҳам додани қарзи музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Муовини соҳавии раиси вилоят роҳбарии ситодро ба уҳда дорад. Масъулини соҳаҳои иқтисод, андоз, омор, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, ВАО, шӯрои иттифоқҳои касаба ва ғайраҳо ба узвияти ситод шомил шуданд.

Нахустҷаласаи ситоди мазкур баргузор гардид. Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ҷаласаро ифтитоҳ бахшид. Ҳозирин гузориши сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Қобилҷон Маҳмадтоҳировро шуниданд.

Тавре ки рӯшан гашт, айни замон қарздории музди меҳнат аз ҳисоби корхонаҳои «Тоҷикхимпром»-и ноҳияи Ёвон ва «Тоҷик-Азот»-и шаҳри Сарбанд боқӣ мондааст. Ҳамчунин камбудиҳо дар ин самт дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ба чашм мерасад.

Раҷабалӣ Раҷабов аз масъулини шаҳру ноҳияҳо доир ба масъалаи мазкур пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА