Дар як сатр
» » Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

12-10-2018, 09:53

Дар филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи "Агротехнологияи парвариши зироатҳои ғаллагӣ ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ дар заминҳои обӣ”, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда буд, бо иштироки Сулаймон Зиёзода, муовини аввали раиси вилоят, Нуралӣ Асозода, д.и.к., Президенти АИКТ, Раҳмон Саидзода, н.и.к., директори Институти зироаткорӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ ва масъулини шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Семинарро Зиёзода Сулаймон, муовини аввали раиси вилоят, ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки кишоварзони вилоят дар давоми нуҳ моҳи соли 2018-ум бобати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани замин, истифода аз тухмиҳои серҳосил, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, зиёд намудани майдони боғу токзорҳо, таъмин намудани аҳолӣ бо маводҳои ғизоӣ, захира намудани хӯроки чорво, ворид намудани чорвои хушзот ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, бо ин васила зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда дар ҳамкорӣ бо мутахассисону олимони соҳа тадбирҳои самарабахшро ба сомон расонидаанд.

- Дар давоми нуҳ моҳи соли сипаригардида ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 8 миллиарду 629 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар бахши растанипарварӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 миллиону 61 ҳазор сомонӣ ҳаҷми маҳсулот кам истеҳсол гардидааст, ки он ҳам аз ҳисоби кам ғундоштани ҳосили пахта мебошад, - таъкид намуд Зиёзода Сулаймон.

Ба қавли манбаъ, кишоварзони вилоят бо истифода аз тухмиҳои хушсифат соли 2018-ум дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 414 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд.

Сипас, Раҳмон Саидзода, н.и.к., директори Институти зироаткории АИКТ, ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гандум зироати асосии озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, имкониятҳои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҳисоби истифодаи самараноки заминҳои кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокии гандум 70-80 с/га имконпазир мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳолати истифода бурдани навъҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникаи парвариш, ҳосилнокии гандуми навъҳои "Сомон”, "Президент”, "Алекс”, Ормон”, "Зироат-70”, "Шумон” ва "Садоқат” дар заминҳои обёришаванда на кам аз 70-80 с/га-ро ташкил медиҳад.

Р. Саидзода дар идомаи гузориши худ зикр намуд: "Давомнокии давраи нашъунамои гандум вобаста ба минтақаи парвариш, иқлими сол, навъ, муҳлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рӯзро ташкил медиҳад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди гандум коркарди хок ва зироатҳои пешинакиштшаванда аҳамияти калон дорад. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии гандум бояд хоҷагидорон, мутахассисон, кишоварзон ва ҳамаи алоқамандон дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешида, дар навбати аввал пурра риоя намудани технологияи пешқадам ва тухмипарварии ин соҳаро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” татбиқ намудан зарур аст, чунки тухмии киштбоби солим гарави баланд бардоштани ҳосилнокӣ мебошад”.

Дар идома, муовини директори Иститути зироаткорӣ, н.и.к. Шаҳодат Толиҳов дар мавзӯи "Агротехникаи парвариши гандум дар шароити Тоҷикистони ҷанубӣ” маърӯза намуда, - гуфт: "Гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла гандум аз шудгори босифат вобастагии калон дорад. Чӣ қадаре ки шудгори хок бо сифати чуқур (22-25 см) шуда бошад, ҳангоми хушксол омадани аввали баҳор то фарорасии мавсими обмонӣ захираи намӣ дар хок зиёд буда, гандумро аз хушк шудан эмин медорад ва нашунамои гандум хуб мешавад”.

- Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ обмонӣ мебошад ва зироати гандум ба обёрӣ эҳтиёҷи калон дорад. Барои шароити ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон нақшаи обмонӣ дар давраи нашъунамои гандум мебошад. Мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва иҷоравӣ ин нақшаи обёрии тавсияшударо вобаста ба шароити иқлими обу ҳавои сол, захираи мавҷудаи намӣ дар хок ва талаботи навъҳои навро ба об ба назар гирифта, тағйир дода метавонанд, - зикр намуд Шаҳодат Толиҳов.

Ҳамчунин, Эшонова Зебуннисо, мудири шуъбаи селексияи гандум, н.и.к., дар мавзӯи "Дастовардҳои инноватсионӣ доир ба татбиқи селексия ва тухмипарварии зироатҳои ғаллагӣ”, Толиҳов Ҷамшед, директори Маркази илмии ҳифзи растаниҳо, н.и.к., дар мавзӯи "Муҳофизати интегратсионӣ бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасони гандум”, директори Маркази илмии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, н.и.т. Сафаров Маҳмадҷон дар мавзӯи "Баланд бардоштани ҳосилхезии хок тавассути истифодабарии технологияи муосир ва мошинолотҳои кишоварзӣ” ва котиби илмии Институти иқтисодиёти кишоварзӣ, н.и.и., Шоҳин Одинаев дар мавзӯи "Самаранокии иқтисодии истифодаи технологияи инноватсионии парвариши гандум” маърӯза намуданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ислоҳот - омили рушди кишоварзӣ

Ислоҳот - омили рушди кишоварзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод барои  парвариши картошка мусоид аст

Муъминобод барои парвариши картошка мусоид аст

Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ