Дар як сатр
» » ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

11-10-2018, 09:51

Кишоварзони вилояти Хатлон аз иҷрои 50 дарсади дурнамои имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта мужда доданд. Пахтакорони шаҳри Бохтар аввалин шуда дар вилоят дурнаморо ба қадри 105,3% иҷро намуданд.

Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, ки то рӯзи 9 октябр пахтакорони вилоят ҷамъан 123 778 тонна пахта чидаанд, ки дар қиёс бо ҳамин шабу рӯзи соли гузашта ба андозаи 94192 ҳазор тонна камтар мебошад.

- Дар маъракаи ҳосилғундорӣ пахтакорони шаҳри Левакант ба марра наздик шудаанд, - зикр кард манбаъ. – Онҳо дурнамои мавсимро 92,5% иҷро кардаанд. Инчунин, барзгарони ноҳияҳои Данғара (66,7%), Ёвон (58,6%), Фархор (56,7%), Шаҳритус (54,5%), Кӯшониён 52,9% ва Ҳамадонӣ (51%) низ фаъол буда, дурнаморо аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд. Аммо нишондиҳандаҳои навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ (27,9%) Носири Хусрав (32%) ва Ҷайҳун (35,3%) чандон хуб нест.

Борони рӯзи 8 октябр ва якбора сард омадани ҳаво ба коҳиши ҳаҷми пахтаи чидашуда боис гардид. Дар ин рӯзи боронӣ кишоварзони вилоят маҷмӯан 1166 тонна пахта чидаанд, дар ҳоле ки ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 3700-3800 тонна ҳосил ба даст меомад.

Имсол дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибқи дурнамо, бояд 250310 тонна «тилои сафед» истеҳсол гардад.

Н. МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо

Дурнамои пахта 30% иҷро шуд

Хабарҳо
Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА