Дар як сатр
» » «Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

12-10-2018, 08:48

ДавлатшоҳГулмаҳмадзода:

«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи фалак, ки ҳамасола 10 октябр таҷлил мегардад, ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ барпо гардид.

Дар ин ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сухани табрикӣ бармад карда, аз ҷумла зикр намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати мусиқии халқи тоҷик – Фалак, ки таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, дар кишварамон дубора эҳё гардид. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.

- Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд, - гуфт раиси вилоят. - Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ, мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мо намунаву суннатҳои беҳтарини адабиёт ва фарҳангу ҳунари хешро арҷгузорӣ ва эҳтиром мекунанд. Ин далели он аст, ки қофилаи шеъру мусиқӣ ҳамвора баёнгари тақдир ва таҷассумгари зиндагии халқи тоҷик дар шебу фарозҳои зиндагӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки имрӯз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст. Зеро мусиқӣ дар тӯли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ, зимни вижагиҳою рангомезии лаҳнияш аз замони бостон то кунун иҷро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки мафҳуми Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст.

Раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода қайд кард, ки ҳунармандони имрӯзӣ ва мардуми фарҳангпарвари Хатлонзамин ҳамчун ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон бояд Фалакро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумӯи жанру муҳтавои он кӯшиш намоянд.

Раиси вилоят хотирнишон кард, ки мувофиқи маълумоти Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ба имрӯз аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик "Шашмақом”, "Оши палав” ва "Наврӯз” ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардида, "Фалак” ва "Чакан” пешниҳод шудааст. Ин як роҳи беҳтарини эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ ва дар айни замон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани миллат ва давлат мебошад.

Дар идома барномаи ҳунарии фалаксароён, ки аз ҳафт шаҳру ноҳияи вилоят гирд омада буданд, манзури тамошочиён гардид. Ҳунармандони хушовоз чароғи қалби ҳаводорону офарандагони ин санъати нафису тавоноро бо созу таронаҳои дилнишинашон фурӯзон карданд.

Дар интиҳо, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо изҳори сипос ба аҳли ҳунар, мардуми шарифи Хатлонзаминро бо Рӯзи Фалак табрик гуфта, ба тамоми аҳли фарҳангу ҳунар дар ҷодаи эҷоди асарҳои баландмазмуну ҷолиб дастовардҳои беназир орзу кард.

М. НОСИРҶОН,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқ ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Фалаки тоҷик 28-сола шуд

Фалаки тоҷик 28-сола шуд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мо ...

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Таҷлили Рӯзи шашмақом дар Қӯрғонтеппа

Таҷлили Рӯзи шашмақом дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА