Дар як сатр
» » Ҷойҳои нави корӣ зиёд мешаванд

Ҷойҳои нави корӣ зиёд мешаванд

12-10-2018, 08:32

аз ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки бо иштироки муовини аввал, муовинони раиси вилоят, масъулони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ баргузор гардид.  Раиси вилоят ДавлатшоҳГулмаҳмадзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. 

Оид ба масъалаи матраҳшуда муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоир баромад намуда, ҳозиринро бо натиҷаҳои бадастовардаи меҳнаткашони вилоят дар давоми нуҳ моҳи сипаригардида шинос намуд. Аз баррасии маърӯза аён гардид, ки дар ин давра нақшаи соҳаи асосӣ ва зарурии давлат-қисми даромади буҷет ба андозаи 101,9 фоиз иҷро гардидааст. Ин рақам  нишони 14,8 миллион сомонӣ зиёд ба буҷет ворид шудан аст, ки ин бозгӯйи меҳнати бурдборонаи кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, махсусан деҳқонону саноатчиён аст.  Барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет, чуноне ки нотиқ қайд намуд, ба сари вақт пардохт намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷетиву нафақапулӣ, кумакпулиҳо мусоидат  намуда, ҳамзамон барои як қатор корҳои ободонӣ сарф гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар қисми манотиқи вилоят,  дар иҷрои қисми даромади буҷет душворӣ ё ба иҷро нарасидани намудҳои алоҳидаи андоз мушоҳида мешавад.

Дар шароити кунунӣ масъалаи басо муҳим ва зарурӣ, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон  мебошад. Ба ин мақсад,  дар давраи ҳисоботӣ 31485 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ин гувоҳи рушди соҳаҳои мухталифи вилоят ва саҳми соҳибкорон дар бунёди корхонаву иншоотҳои саноатӣ мебошад. Ҳамзамон 245 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа наздики 2500 нафар шаҳрвандон ба худ ҷойи кори доимӣ ёфтаанд. Дар умум 5300 нафар бо шуғли гуногун фарогир шудаанд.

Таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату Ҳукумат ин сол аз сол баланд бардоштани музди меҳнат аст. Ин масъала низ дар миқёси вилоят тадриҷан ҳал мегардад. Чунончи, дар нуҳмоҳаи соли равон музди миёнаи меҳнат 880,3 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд аст. Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истеҳсолӣ 1944,1 сомонӣ, саноати коркард 1394,3  сомонӣ, энергетика 1973,4  сомонӣ, сохтмон 1265,4 сомонӣ ва коммуналӣ 1009,1 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба ҳисоботи муовини раиси вилоят дар ин давра дар соҳаи савдо гардиши мол ба 3445,5 миллион сомонӣ расида, хизматрасонии пулакӣ 1340,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки он  нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд буда, аз зиндагии серу пури аҳолӣ ва зиёд гардидани маҳсулоти дохилӣ дарак медиҳад.

Самти кишоварзӣ асоси дастовардҳои меҳнаткашони вилоят ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди маҳсулоти мавҷударо кишоварзон истеҳсол менамоянд.  Аз ҳисоботи баррасигардида низ ин маънӣ ба хубӣ аён гардид. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзон ба 8 миллиарду 629,0 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 66,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 703,0 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 209,3 ҳазор тонна картошка, 1009,1 ҳазор тонна сабзавот, 426 ҳазор тонна полезӣ, 155,6 ҳазор тонна мева, 83,0 ҳазор тонна ангур, 72,6 ҳазор тонна гӯшт, 275,3 ҳазор тонна шир, 52,4 миллион дона тухм, 554,6 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 мутаносибан  аз 1 то 34 фоиз  зиёданд.

Дурнамои асосӣ барои кишоварзон содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар мебошад, ки ин нишондод низ барзиёд иҷро гардидааст. То ин дам ба кишварҳои дуру ҳамсоя  91,0 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудааст, ки ин анқариб 1,5 баробари нақша мебошад.    

-Мақсаду мароми давлату Ҳукумат гузаштан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ мебошад. Баҳри расидан ба ин мақсади наҷиб, ки ба баландгардии пояи иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд,  дар вилояти мо корҳои назаррас  анҷом дода мешаванд, - иброз дошт дар идомаи маърӯза муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоир. Маълум гардид, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5 миллиарду 215,8 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбати нақша ва нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд аст. Дар давоми нуҳ моҳ 56 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 874 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст. Дар вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи азхудшуда  401,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби соҳибкорони вилоят 44 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 50,1 миллион сомонӣ таҳия гардида, барои дар-ёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд,  ки то ин дам нисбати иҷрои онҳо ба маблағи 87,6 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Сохтмон баҳри ободонии маҳал, иҷро гардидани нақшаву ниятҳои рушди кишвар ҳамқадами ҳаёт мебошад, ки дар ин роҳ ҷидду ҷаҳди зиёд карда мешавад, -қайд намуд дар идомаи маърӯза нотиқ. - Ба истифода дода шудани фондҳои асосӣ ба маблағи 331,7 миллион сомонӣ, иҷро гардидани корҳои пудратӣ ба маблағи 569,5 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1408,8 миллион сомонӣ, азхудкунии маблағҳои асосӣ аз ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 2370,6 миллион сомонӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Бино ба нишондодҳои дар боло овардашуда,  дар вилоят 160 адад бинову иншоот, аз ҷумла 11 муассисаи таълимӣ бо 2604 ҷойи нишаст, 8 корхона ва коргоҳи саноатӣ, 1 неругоҳи барқии обӣ, 77 маркази савдо ва дуконҳои тиҷоратӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 1280 адад хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бо мақсади пурра ҳал гардидани ҳадафи стратегии мамлакат-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ободу ҳамвор намудани  роҳҳои дорои моҳияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта дар  ҳудуди вилоят 2829,7 километр таъмири роҳҳо ба ҷо оварда шудааст, ки дар ин кори муҳим соҳибкорон ҳамдастӣ намуда, 20,4 миллион сомонӣ сарф намудаанд. Бо тахту ҳамвор кардан ва расидан ба ҳамаи маҳалҳо кори нақлиёти боркашонӣ низ осон гардидааст. Дар ин давра  ҳаҷми боркашонӣ 16,8 миллион тонна иҷро гардида, мусофиркашонӣ ба 62,6 миллион нафар расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 мутаносибан 1,5 ва 7,0 фисад зиёд аст.

Муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоир дар баробари баррасии натиҷаҳои  бадаст омада дар самти иқтисодиёт, кишоварзию саноат, инчунин ба фаъолияти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг  равшанӣ андохта, аз ҷумла гуфт, ки айни замон дар миқёси вилоят шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 1348 ададро ташкил медиҳад. Шумораи умумии омӯзгорону хонандагон нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, муваффақиятҳо низ дар ин самт чашмрасанд. Соли равон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагон 183 ҷойи ифтихориро сазовор гардида, 36 медали тилло, 58 медали нуқра ва 89 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбатан аз соли 2016-2017 77 ҷой зиёд аст. Варзишгарони вилоят дар 82 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 436 медали тилло, 439 медали нуқра ва 618 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва таҳти назорати давлату қонун қарордошта ин риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар ин бора сокинони вилоят дастгирии зич дошта, ба ин васила аз ҳар  гуна хурофот раҳоӣ меёбанд. Ба мақсади сарфакорона гузаронидан маблағи саховатмандону  соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ дар ин давра 1518 адад тӯйҳои суннатӣ ва 144 адад тӯйҳои хонадоршавии ҷавононро аз оилаҳои дастнигар тариқи хайриявӣ гузарониданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нисбати камбуди-ҳои ҷойдошта дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи саривақтӣ дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки ҳосили «тиллои сафед»-и бо заҳмати зиёд парвардаи деҳқон бояд беталаф ҷамъоварӣ гардад. Ва пахтаи ҳосили  2018 дар корхонаҳои коркарди пунба коркард шавад. Дар ин замина пунбаи истеҳсолшударо дар корхонаҳои равғанбарории ҳудуди вилоят тибқи шартнома ба фурӯш бароварда, коркард намоянд.

Ҳамин тавр, раиси вилоят баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ ва бо нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии назаррас ҷамъбаст намудани соли 2018 роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони шаҳру навоҳиро муваззаф намуд.

 

Вахшона,

И. Ҳасанов,

«Хатлон»

Аксбардор Д. ШАРИФОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА