Дар як сатр
» » БУНЁДИ ДАРМОНГОҲИ НАВ ДАР ШАҲРИТУС

БУНЁДИ ДАРМОНГОҲИ НАВ ДАР ШАҲРИТУС

15-10-2018, 08:29

Ба хотири идома бахшидан ба анъанаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар деҳаи Корези ноҳияи Шаҳритус дармонгоҳи нав сохта шуд.

Ин лоиҳа бо мақсади расонидани кумаки самаранок ба ҷамоатҳои маҳаллӣ амалӣ гардид. Дармонгоҳи деҳаи Корез ягона дармонгоҳест, ки дар ин деҳа амал мекунад. Татбиқи ин лоиҳа соли 2017 оғоз гардид ва ҳадаф аз он дастгирӣ барои хизмарасониҳои тиббӣ ба 1600 сокини деҳа ва сарҳадбонон мебошад. То сохтмони дармонгоҳи мазкур сокинон маҷбур буданд, ки дар давоми ним соат ба маркази тиббии Шаҳритус барои табобат раванд ва бисёре аз онҳо дар фасли зимистон ба хизматрасониҳои тиббӣ дастрасӣ надоштанд. Сохтмони дармонгоҳи нав дар деҳаи Корез намунаи равшани яке аз самтҳои ҳамкорӣ байни мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сафорати ИМА мебошад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БУНЁДИ 4 МТМУ ТАВАССУТИ ҲАШАР

Хабарҳо
Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳотӣ

Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳотӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шӯрообод. Ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Ҷилга

Шӯрообод. Ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Ҷилга

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА