Дар як сатр
» » «ПОДОШИ АМАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

«ПОДОШИ АМАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10-10-2018, 13:26

Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ менамояд.

Хайрулло Давлатов, сарвари театри мазкур, бо тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки аҳли эҷоди театр алҳол намоишномаи тарбиявии «Подоши амал»-ро аз рӯйи асари Абдураҳим Абдураҳмонов тамрин карда, маводи саҳнавӣ ва лӯхтакҳоро таҳия менамоянд. Боиси зикр аст, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба доир гардида, дар он театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Россия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо бо намоишномаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» дар оғози соли 2018 дар шаҳри Бохтар ба фаъолият шурӯъ намуда, ягона театри лӯхтак дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи якумин мавсими театри «Афсона»

Хабарҳо
Ҳаёт аз «Лӯхтак» оғоз меёбад

Ҳаёт аз «Лӯхтак» оғоз меёбад

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт

АМАЛИ ХАЙРИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

Хабарҳо
Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА