Дар як сатр
» » Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

11-05-2017, 16:56

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»


Рӯзи «Шашмақом» дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва алоқомандони ин шоҳасари мусиқӣ таҷлил карда шуд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. Ин мусиқии қадимиву суннатии миллати тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми давлатӣ гирифтааст. 12 майи соли 2000 аз тарафи Сарвари давлат барои ҳифзу гиромидошти «Шашмақом» фармони таърихие «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ҳадафи он эҳё, рушд ва дастрасии кулли мардуми тоҷик ба мероси мусиқии классикии шашмақом ва тарбияи мардум дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ унвон мешавад.

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳкории мусиқии миллии мо - "Шашмақом" ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, - зикр намуд раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода. - Гиромидошти фарҳанги миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онро Роҳбари давлат яке аз самтҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донистаанд. Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳанги миллат мебошанд. Қарзи мову шумост, ки шашмақомро чун осори гаронбаҳои мусиқии миллӣ ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем.

Ҳамчунин раиси вилоят зикр намуд, ки санъати «Шашмақом» аслан мусиқии классикии тоҷикон буда, таҷассумгари тафаккури баланди мардуми мо мебошад. «Оҳангҳои шашмақом на танҳо ба кас кайфияту ҳаловат, осоишу роҳат мебахшад, балки дари муъҷизаи худро барояш боз намуда, ӯро ба олами ирфонӣ раҳнамун месозад. Агар ин намуди ҳунарро муъҷиза донем, пас, мутрибу эҷодгари онро месазад, ки муъҷизаофар ном барем.

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

Ин санъати мусиқӣ таърихи хеле дуру дароз дошта, дар ҳаёти фарҳангию маънавии миллати мо нақши бузурге дорад. Давоми садсолаҳо дар замири миллати фарҳангдӯсти тоҷик мақомҳои Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ, яъне шаш мақом ҷой гирифта, кас бо шунидани садои ҳунармандони хушилҳон ва оҳангҳои дилнавози шашмақом ба осоиши рӯҳию маънавӣ мерасад.

- Ҳоло ҳайати ансамбли «Шашмақом»-и вилоят аз 26 нафар ҳунармандон, аз ҷумла овозхонони ҷавон, иборат аст, - гуфт роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и вилояти Хатлон Амриддин Кабиров. - Имрӯз ба сафи устодони пуртаҷрибаи ин жанри классикӣ ҷавонони зиёди соҳибистеъдод ворид шуда, завқу салиқаи баланд нишон медиҳанд ва бо ин собит менамоянд, ки минбаъд низ ин санъати волои ниёгони шарафманди мо рушду такомул хоҳад ёфт. Моро мебояд чунин ҷавонони ҳунармандро дастгирӣ намуда, ба афзоиши сафи онҳо мусоидат кунем.

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

Дар охир, ҳунармандони ансамбли «Шашмақом»-и вилоят намоиши консертии худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Таҷлили Рӯзи шашмақом дар Қӯрғонтеппа

Таҷлили Рӯзи шашмақом дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ