Дар як сатр
» » Кӯлоб. Ёде аз гузашта

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

11-05-2017, 11:13

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

9 май ба санаи таърихӣ - Рӯзи Ғалаба бар фашизм 72 сол пур шуд. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳ азиз аст, чунки ин ҷанг пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад. Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гулгул шукуфии Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Бахшида ба ин рӯз дар толори машваратии Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб вохӯрии хонандагон бо собиқадорони ҷангу меҳнат таҳти унвони «Ёде аз гузашта» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Ғулом Шарипов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Асадулло Қурбонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб, ҳузур доштанд. Онҳо аз хотироти давраи ҷанг ва баъдиҷангии хеш ёдовар гашта, барои баргузории чунин як вохӯрии гарму ҷӯшон миннатдории хешро иброз намуданд.

Дар охир, Қурбоналӣ Сафаралиев, корманди китобхона, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида, хонандагони фаъол ва меҳмононро бо туҳфаҳои хотиравии китобхона сарфароз гардонид.

Саодат АБДУЛЛОЕВА,
корманди китобхона



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯйдоди  фаромӯшнопазири башарият

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният