Дар як сатр
» » «Корвони маърифат» дар Балҷувон

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

11-05-2017, 11:03

«Корвони маърифат» дар Балҷувон


Ҳафтаи сипаригашта ҳайати «Корвони маърифат» аз ноҳияи Балҷувон дидан ба амал оварда, бо аҳолии ин мавзеи таърихӣ ва афсонавӣ суҳбату мулоқот ва чорабиниҳои гуногун доир намуданд.

«Корвони саломатӣ» ба беш аз 1000 нафар аҳолии Ҷамоати деҳоти «Балҷувон» хизмати ройгони тиббӣ расониданд. Тавре ки сартабиби беморхонаи марказӣ З. Сангов иброз дошт, аҳолии ноҳия аз ин иқдоми неки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳори сипос намуданд. Бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи ноҳия дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти «Сафар Амиршоев» озмун дар мавзӯи «Фарзанди хуб - боғи падар» доир гашт. Дар ин чорабинии хотирмон зиёда аз 300 нафар волидону толибилмон ширкат варзиданд. Дар деҳаи Сари мазори ҳамин ҷамоат маҳфили «Оилаи беҳтарин» баргузор гашт.

Корвони «Оилаи беҳ-тарин», ки бо шиору навиштаҷот, гулҳои муаттари баҳорӣ оро ёфта буд, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Дар ин маҳфил оилаҳое, ки аз 20 то 58 сол бо ҳам рӯзгори осуда ба сар бурда, соҳиби фарзандони солиму баркамол ва меҳнатдӯсту соҳибпеша гашта, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми беандоза гузоштаанд, ширкат варзиданд. Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ низ мухлисони зиёдеро ба ҳам овард. Сокинони деҳаи Турко аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо ва барномаҳои театрии ҳунармандони театри шаҳри Кӯлоб як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд. Бахусус, сокинони деҳаи «Зарнигор»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим аз ҳунари волои санъаткорони дастаи ҳунарии «Фалак» лаззат бурданд.

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Ҳунармандон дар сурудаҳои хеш бештар мавзӯи ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, табиати рангини Тоҷикистонро тараннум намуданд. Дар деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон» чорабинӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ доир гашт. Яке аз мулоқотҳои судманд бо аҳолии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Балҷувон» дар деҳаи Мулкон ба амал омад. Дар чорабинии мазкур, ки беш аз 400 нафар ширкат доштанд, оид ба амалӣ гаштани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ ибрози назар намуданд. Зимни суҳбату мулоқот сокинон иброз доштанд, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд. Боиси хушнудист, ки сокинони ноҳияи Балҷувон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми арзандаи хешро мегузоранд, натиҷа ин аст, ки аз ноҳияи мазкур ягон нафар ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашудаанд.

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Бо адибону аҳли зиё дар маркази ноҳия мулоқоти фаромӯшнопазир сурат гирифт. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, адибон Амиршоҳи Хатлонӣ, Чӯпон Бадал ва дигарон аз чакидаҳои хомаи хеш шеърҳо қироат намуда, хотири ҳамагонро болида гардониданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинии иттилоотӣ беш аз 2 ҳазор рӯзномаю варақаҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардонида шуд.

Пас аз анҷоми чорабиниҳои тарҳрезигашта дар қисмати ҷамъбастии «Корвони маърифат» масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоят аз рафти чорабиниҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Балҷувон андеша ронданд. Раиси ноҳияи Балҷувон М. Зоирзода миннадории хешро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати роҳандозӣ намудани чунин чорабиниҳои муфид изҳор дошт.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

«Корвони маърифат» дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА
«Корвони маърифат» дар Бохтар

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР