Дар як сатр
» » Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

11-01-2015, 18:10

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб якҷо бо бахши хусусӣ дар як соли охир ба маблағи 122,1 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид намуданд, ки нисбат ба соли 2013-ум 10,3 млн. сомонӣ бештар аст.

Дар баробари ин, соли сипаригардида 235 км роҳҳои Кӯлоб таъмири ҷорӣ ва 1,5 км роҳ таъмири асосӣ (капиталӣ) шуданд. Қарор аст, ки моҳи марти соли 2015 таъмири асосии 24 км роҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз гардад. Аз ҷониби Агентии байналмилалии кӯмакҳои берунаи давлати Ҷопон (JICA) таъмиру барқарорсозии 5 пул низ пешбинӣ шудааст.

Дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Кӯлоб соли гузашта аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба қадри 183 миллион сомонӣ, инчунин корҳои сохтмонӣ-васлкорӣ ба маблағи 152 млн. сомонӣ ва корҳои пудратӣ 51,1 млн. сомонӣ иҷро гардиданд.

Соҳибкорони Кӯлоб дар як сол 61 иншоот ба маблағи 45,6 миллион сомонӣ бунёд карданд. Умури сохтмонӣ дар 250 иншооти дигар, аз ҷумла дар 36 корхонаи истеҳсолии Кӯлоб идома доранд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

29,1 млн юан барои ободонӣ

29,1 млн юан барои ободонӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Соҳибкорони Кӯлоб бо сарфи 4,7 миллион сомонӣ 5 иншоот сохтанд

Соҳибкорони Кӯлоб бо сарфи 4,7 миллион сомонӣ 5 иншоот сохтанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Хабарҳо