Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАДАРШИНОСӢ


ПАДАРШИНОСӢ



Давидам, расидам ба синни чаҳор,
Бигуфтам, падарро бибӯсам ҳазор.
Бидидам, ба чашмам намуд беҳтарин,
Ба дил гуфтам, эй меҳрабон, офарин!
Ба шашсолагӣ дидамаш роздон,
Гумон кардам ӯ мешиносад ҷаҳон.
Зи донотарон мард доно, падар,
Ба мушкили ҳар кас тавоно, падар.
Ба даҳсолагӣ гуфтам олӣ туӣ!
Далели ҳама шодҳолӣ туӣ!
Дувоздаҳ расиду дилам тира шуд,
Бидидам, ки меҳраш ба ман хира шуд.
Чаҳордаҳ расиду зи ман зуд-зуд
Ба ҷойи навозиш суолаш фузуд.
Зи дарсам бипурсиду аз нақли ман,
Зи қалбам ҳамеҷусту аз ақли ман.
Расидам ба ошёнаи шонздаҳ,
Танам гарму хоби шабам воҳу ваҳ.
Падарро бигуфтам, ки эй паҳлавон,
Чаро куҳнапӯш астӣ дар ин замон?
Ман аз ҳоли ту шармгинам, падар,
Ту зебопарастӣ намо чун писар.
Чу дида кушодам, ки ҳаждаҳ расид,
Ҳама сардиҳо аз танам нопадид.
Падарро ба ин ҳол нохоста,
Бидидам, ки ахлоқи ӯ коста.
Ба бист омада, гуфтам, аз дарду ғам,
Чӣ гуна таҳаммул кунад модарам.
Каломи падарро, ки нодон бувад,
Гапаш норавову парешон бувад.
Пас аз панҷ соле, ки рафтам сафар,
Ва баргаштаму боз дидам падар.
Ҳамон марди нодон ба таърифи ман
Ва ҳатто ба гуфтан мухолифи ман.
Ба сӣ даррасидам чунон бармаҳал,
Нишастам ба санге писар дар бағал.
Вале бо падар мутафовит будам,
Тавофуқ набуду чунон зид будам.
Ба чил омада, марди дигар шудам,
Гумонам, падарро баробар шудам.
Ба ӯ нек гуфтам ва дидам накӯ,
Бигуфтам падарро: насиҳат бигӯ.
Бигӯ, чун кунам бо Фараҳманди худ,
Ба фарзанди некуву дилбанди худ.
Ба синни чилу панҷ ҳайрон манам,
Ба таъмини кӯдак парешон манам.
Ба панҷоҳи умрам бигуфтам, писар,
Чи сахт асту душвор будан падар.
Ба шаст омадам, рафта сӯи мазор,
Бигуфтам, падар, хез, ҳарф асту кор.
Ба ёд ор, будам ба синни чаҳор,
Ба дил гуфта будам, бибӯсам ҳазор.
Кунун ман забон донаму ҳарфу ҳуш,
Чаро хуфтаӣ? Сарду ҳастӣ хамӯш.
Падар, дар ҳақиқат, туӣ беҳтарин,
Маро бишнав, эй меҳрабон, офарин!

Соҳибёри ТОЛИБ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода