Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Дастаи «Хатлон» дар дербии вилояти Хатлон ғалаба кард


Дастаи «Хатлон» дар дербии вилояти Хатлон ғалаба кард



3 апрел дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб қувваозмоӣ кард.

Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо бартарии «Хатлон» анҷом ёфт. 

Нахуст, дар дақиқаи 7-ум нимҳимоятгари «Хатлон» Тағойзода Тоҳирҷон тӯбро вориди дарвозаи рақиб намуда, дастаашро пешсаф кард. Дар дақиқаи 21-уми рақобат футболбози ҳамин даста Парвиз Баки-Ахунов ҳисобро 2-0 намуд. Хайриддин Турахонов бошад, бо голи задаи худ бартарии комили «Хатлон»-ро таъмин кард.

Футболбози дастаи «Равшан» Абдухалил Боронов тавонист дар дақиқаи 77-ум ягона голи дастаашро ба ҳадаф расонад. Бо ҳамин бозӣ бо ҳисоби 3-1 ба фоидаи дастаи «Хатлон» ба анҷом расид. Муаллифи голи аввали дастаи ғолиб Тоҳирҷон Тағойзода беҳтарин бозингари дидор дониста шуд.

Дар ҳамин давр дастаи дигари вилояти Хатлон - «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби калони 0-5 аз дастаи «Истаравшан» шикаст хӯрд. 

Бояд гуфт, ки дар даври минбаъда рӯзҳои 8-9-уми апрел «Хатлон» бо «Истаравшан» ва «Файзканд» бо «Эсхата» дар сафар қувва меозмоянд. Бозии байни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» ба рӯзи дигар гузаронида шуд.

Д. ИБОДУЛЛ ОЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода