Дар як сатр
» » Ҷавонмардиро аз ҷавонмардон биомӯз

Ҷавонмардиро аз ҷавонмардон биомӯз

8-05-2017, 14:26

Ҷавонмардиро аз ҷавонмардон биомӯз


72 сол аст, ки садои мудҳиши фоҷиаангези тиру тӯп, таркиши бомбаҳои марговар хомӯш гаштааст. Ин ҷанги хонумонсӯз 1418 шабонарӯз давом кард. Дар рӯзҳои даҳшатноки солҳои 1941-1945 зиёда аз 1361 ҳамдиёронамон, аз ҷумла 576 нафар аз ноҳияи собиқ Қизилмазор, 277 нафар аз ноҳияи собиқ Кангурт, 558 нафар аз ноҳияи Балҷувон беному нишон гардидаанд. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» шумораи №13, 12 феврали соли 1986 ба диққати пайшиносони ноҳияи собиқ Совет расонида буд, ки дар қабристонҳои бародарии вилояти Чернигови РСС Украина 21 нафар ҷанговароне, ки аз Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияи Қизилмазор, Кангурт ва Балҷувон ба фронт рафта қаҳрамонона ҳалок шуда буданд, дафн гардиданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 62 нафар тоҷикистониҳо, аз ҷумла Фатҳулло Аҳмадов, Ҳодӣ Кенҷаев, С. Амиршоев, Чутак Урозов, Тӯйчӣ Эрйигитов, Исмат Шарифов, Неъмат Қарабоев, Саидқул Тӯрдиев, Ҳайдар Қосимов ва Абдулло Мусоев дорандаи се ордени «Шараф», қаҳрамониҳо нишон додаанд. Дигар ҳамдиёронамон-Одина Салимов, Ҳамро Бойматов, Тӯрдӣ Бегов, Асомиддин Тағоев, Раҳматулло Нусратов, Сафар Сулаймонов, Абдулло Аҷиков, Бобоёр Боймирзоев, Раҳмоналӣ Мирзошоев, Исо Муродов, Абдусамад Алимардонов, Қувваталӣ Давлатов, Ғ. Солиев, Б. Мирзоев, Х. Раҷабов, С. Тошматов, Амон Хӯшаев, Куган Алиев, Ҷӯрақул Нурматов, Олтӣ Бегимов, Суюнхол Куганов, Ғаффор Ҷӯрақулов, Алихон Урозов, Абдунназар Мирзоев ва дигарон имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Ин мардони шуҷоъ то замоне, ки дар қайди ҳаёт буданд, барои мо ва насли ҷавон аз корнамоиҳояшон нақлу қиссаҳои аҷиб мекарданд ва мо хотираҳои онҳоро бо некӣ ёд мекунем.

Мо шукрона аз он мекунем, ки имрӯз як кишвари тинҷу осуда ва соҳибистиқлолро дорем ва бо роҳбарии фарзанди далеру матинирода ва хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайи ободии ватан камари ҳиммат бастаанд. Имсол дар кишвари азизамон 72-юмин солгарди Ғалаба ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ рост омад. Умед ба он мебандем, ки бо меҳнати ҳалоли ҳамдиёрон ва бо мададу ҳидояти меҳтарони ҷанг бахусус иди Ғалаба заминае барои ғалабаҳои тоза дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги кишвар хоҳад гашт.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамчун омӯзгор ва фарзанди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамдиёрони азиз ва собиқадорони ҶБВ-ро ба 72-солагии иди Ғалаба аз самими қалб табрику муборакбод гуфта ба ҳамаи шумо рӯзгори ободу осуда ва саломатии бардавомро орзу менамоям.

Ҳайдаралӣ ДАВЛАТОВ, омӯзгори МТМУ №14-и
ноҳияи Темурмалик, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз гузаштагони худ сабақи ватандории воқеӣ омӯзем

Аз гузаштагони худ сабақи ватандории воқеӣ омӯзем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Рӯйдоди  фаромӯшнопазири башарият

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният