Дар як сатр
» » Родмарде аз Сангтӯда

Родмарде аз Сангтӯда

8-05-2017, 14:21

Родмарде аз Сангтӯда


Хабари шуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳаи Баҳораки ноҳияи Данғара расид. Ҷавонони баору номуси ин диёр ба ҳифзи Модар-ватан бархостанд. Дар қатори онҳо аз оилаи бобои Саттор Қурбонов се фарзанд – Маҳмадсаид, Шойимардон ва Борон низ ба ҷанги зидди фашистони гитлерӣ рафтанд.

Борон дар озодкунии ҷумҳуриҳои Украинаву Белорусия фаъолона иштирок карда, далерию шуҷоат нишон дод ва душманро ба лонааш-шаҳри Берлин ронданд. Мутаассифона, бародарони ӯ аз ҷанг барнагаштаанд. Бобои Борон бошад, аз як пой марҳум гардид ва бо сари баланду ғалаби бузург ба ватан баргашт. Хизматҳои ӯ бо бисёр ордену медалҳои ҷанги қадр карда шуданд. Баъди ба ватан баргаштан дар соҳаҳои гуногуни халқ меҳнат карда, дар барқароркунии кишвар саҳм гузошт. Баъди ба нафақа баромадан дар деҳа вазифаи хаткашониро ба ҷо меовард.

Имрӯз синни бобои Борон ба 96 расида бошад ҳам ҳоло худро бардаму солим ҳис мекунад. ӯ дар баробари ин шавҳари меҳрубону падари ғамхор мебошад. Аз бахти якҷояи худ бо завҷааш Кафтарбону Холова соҳиби 8 фарзанд ва набераю абераҳои зиёд гардид.

-Аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам, ки нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ менамояд,- мегӯяд бобои Борон Сатторов ва даст ба дуо бардошта илова намуд:

Сад кош ки ҷанг аз ҷаҳон канда шавад,
Аз партави сулҳ абр парканда шавад.
Ҷанг абри сиёҳест, сулҳ шишаи нур,
Аз қудрати он ҷаҳон зебанда шавад.

Ашк ЮСУФӢ,
узви ИЖТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад

Боз як орзуи падари 92-солаи дугоникҳо амалӣ мешавад

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми  ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният