Дар як сатр
» » Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

8-05-2017, 14:17

Қаҳрамонон намемиранд


Солҳо мегузарад, аммо он нафароне, ки барои амнияту оромӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии Ватани хеш хизматҳои шоён нишон дода, рисолати ҷавонмардии худро адо намудаанд, қаҳрамониҳои онҳо аз хотираҳои насли ояндаи он миллат ба фаромӯшӣ намеравад ва нахоҳад рафт, чунки номҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Балҷувон 3 нафар барои корнамоиҳояшон дар набардҳои шадид сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гаштанд.

Сафар Амиршоев, соли 1935 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар шаҳри Сталинобод дар ҳайати полки 47-уми кӯҳгарди савораи тоҷик, аввал ҳамчун аскари қаторӣ ва пас аз хатми мактаби шашмоҳа ба сифати ёрдамчии командири взводи савора то соли 1937 хизмат кардааст. Моҳи декабри соли 1941 ба майдони ҷанг рафта дар фронтҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Воронеж ба сифати сардори дастаи тӯпчиён зидди фашистон ҷангидааст.

16 июли соли 1944 душман бо 17 танк ба муқобили батареяи 5-ум ҳуҷум кард, ки дар натиҷа ҷанги шадиде оғоз гардид. Дар ин даргириҳо Сафар сахт маҷруҳ шуд. Ҳамшираи тиббӣ Нина Динченко назди Сафар омада, ҷароҳаташро баст ва хост, ки ӯро аз майдони муҳориба берун барорад, аммо Сафар розӣ нашуд.

Душман ба муқобили тӯпи Сафар якбора 12 танкро сафарбар кард. Ҳамин тариқ, Сафар Амиршоев дар ин муҳориба то дами марг бо душманон муқобилият нишон дод. ӯро ҳарчанд марг гулӯгираш менамуд, аммо Сафар тан намедод. ӯ чолокона ресмони тирандозии онро тарафи худ кашид тӯп сахт такон хӯрду танк оташ гирифт, вале Сафар инро надид. ӯ қаҳрамонона ҳалок гардид. Сафар Амиршоев ҳамчунин барои корнамоиҳои ҷангӣ ба орденҳои «Ленин», «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои шуҷоат» ва «Барои мудофиаи Сталинград» қадр карда шудааст.

Исмат Шарипов, зодаи деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон буда, соли 1942 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати полки 861-уми тирандозии дивизияи 294-уми Армияи 52-юм зидди фашистон ҷангидааст. 9 марти соли 1944 дар назди деҳаи Дмитрушкии ноҳияи Умани вилояти Чернигов дар зери оташфишонии душман хазида, ду пулемёти чархдори онро, ки ба пешравии аскарони шӯравӣ халал мерасониданд бо норинҷак нобуд кард. Ҳамон рӯз дар ҷангҳои кӯчагии шаҳри Уман 3 мошини душманро бо аслиҳааш тарконда, даҳҳо ҷанговарони гитлериро нест кард ва худаш қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҷасади ӯро дар қабристони бародарии шаҳри Обелеи Латвия ба хок супориданд. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 13 сентябри соли 1944 ба Шарипов Исмат барои шуҷоату мардонагӣ дар ҷангҳои зидди фашистони немис ва убури дарёи Днестр унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд.

Саидқул Турдиев соли 1942 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати полки 342-юми тирандозии дивизияи 136-уми Армияи 38-уми фронти Воронеж зидди фашистон ҷангидааст. Шаби 2 октябри соли 1943 яке аз аввалинҳо шуда, дарёи Днепрро дар назди деҳаи Казачийи вилояти Киев убур кард. Саидқул Турдиев барои ба даст даровардани мавқеи роҳбарӣ дар он ҷо, қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҷасади ӯро дар шаҳри Киев ба хок супоридаанд.

Фарзандони баору номуси тоҷик дар набардҳои ҷангӣ бо душман муборизаи шадид нишон дода, қисме аз онҳо дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардида, қисми дигарашон бо сари баланд ба ватан баргаштанд. Имрӯз мо, насли ҷавонони кишвар, хотирот ва ҷавонмардонагиҳои онҳоро аз саҳифаҳои заррини таърихи миллатамон омӯхта, қаҳрамониҳои онҳоро ҳар лаҳза бо некӣ ба ёд меоварем.

Эмомалӣ НАБИЕВ,
Самандари РАҶАБАЛӣ,
донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба номи
Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ
Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният