Дар як сатр
» » «Хомаи созанда»

«Хомаи созанда»

5-05-2017, 17:00

«Хомаи созанда»

Бо чунин ном маҷмӯаи мақолаҳои донишҷӯёни соли 4-уми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав рӯйи чоп омад. Ин иқдоми камназир ба муносибати Соли ҷавонон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии матбуот амалӣ гардид.

Маҷмӯаи мазкур, ки намунаҳои эҷоди 17 нафар аз ҷавонони фаъол - хатмкунандаҳои соли 2017-и риштаи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав (аъзои фаъоли маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон»)-ро фаро гирифтааст, як навъ ҳисоботи эҷодии онҳо аз даврони донишҷӯӣ ва гувоҳи нахустин гомҳои устувору ояндадори эшон дар майдони журналистикаи ҳирфаӣ мебошад. Бархе аз муаллифон аллакай дар ҷодаи эҷод самти худро муайян ва интихоб кардаву бо расонаҳои хабарӣ ҳамкории зич доранд. Ба истилоҳ, қаламашон аллакай харидор пайдо кардааст.

Ба қавли муҳаррири масъули маҷмӯа Носирҷон Маъмурзода, аксари шогирдоне (муаллифони мақолаҳои маҷмӯа), ки аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав таҳсил мекунанд, ҷавонони соҳибистеъдоданд. «Талқини мо ба шогирдон – журналистони оянда ҳамин аст, ки ҳамеша болои худ кор кунанд ва аз дастовардҳои эҷодӣ қонеъ набошанд. Зеро вақте журналист аз кори худ қаноатманд шуд, аз рушд мемонад, барои кандукови бештар, пажӯҳишу омӯзиши амиқтар мотиватсияашро гум мекунад. Қаламаш кунд мешавад», - омадааст дар пешгуфтори маҷмӯаи мазкур.

«Хомаи созанда» аз 100 саҳифа иборат буда, масъалаҳои мухталифи марбут ба тамоюлҳои рушди ҷомеаро дар бар гирифтааст. Ин китоб дар нашриёти «Матбаа»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо теъдоди 150 нусха рӯйи чоп омадааст.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Навниҳолони боғи сухан»

«Навниҳолони боғи сухан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм