Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон


Паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон



Паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода  ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони  азиз!


Ҳамаи сокинони шарафманди вилоятро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон самимона таҳният гуфта, бароятон саодатмандӣ ва ба хонадонатон файзу баракат, рӯзгори ободу осуда  таманно дорам.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд кардаанд, ки «Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки  ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад».


Бояд зикр кард, ки моҳи шарифи Рамазон танҳо аз рӯзадорӣ  ва озурдагии ҷисму покизагии бадан иборат набуда, он озодагии руҳ, изҳори имондориву тақво, ҳамгироӣ ва ҳамбастагӣ бо аҳли имонро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар ин моҳ мардуми мусулмон бо ҳам бештар қарин шуда, кушиш менамояд, ки бештар ба кумаку ёрии якдигар расида, бо нармдиливу ҳиммати баланд бо ҳам муносибат дошта бошанд.


Кишоварзони қавииродаи хатлонзамин бо меҳнати пурсамари худ бозорҳои истеъмолиро ҳамасола бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамояд. Дар мавсими имсола низ ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳар рӯзи баҳориро ғанимат дониста, ба хотири осоиштагии мардум ва аҳлу оилаи худ кишти зироатҳоро сари вақт анҷом дода, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва барои захираи маводи ду солаи ғизоӣ  омодагӣ гирем.


Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон маъракаи даъвати наваскарон оғоз меёбад. Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони ғаюру далери мо ин чорабинии муҳимро дар сатҳи зарурӣ истиқбол намуда, боиси баланд гардидани ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва худогоҳиву худшиносии мардуми сарбаланду ватандӯст дар таҳкими ваҳдат ва муттаҳидии миллат мусоидат менамояд.


Инчунин, хотирнишон менамоям, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, маблағҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд, ба ҷойи харҷи беҳуда ба фарзандон шароити мусоиди илмомӯзӣ ва зиндагии шоистаро фароҳам оварда, дар ин росто  фарзандонеро ба камол расонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлати соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди худ пуштибонӣ карда, Ватани азиз ва марзу буми онро ҳимоят намоянд. 


Имрӯзҳо мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни умумимилиамон 35-солагии истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида истода, шукрона аз соҳибистиқлолии кишвар ва Сарвари маҳбуби хеш мекунанд.


Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамдиёрони арҷманд шодбош гуфта, бароятон хонаи обод, тандурустӣ, неруи тоза, ризқу рӯзии фаровон  ва дастовардҳои назаррас орзумандам.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода