Дар як сатр
» » Мулоқоти раиси вилоят бо роҳбари JICA

Мулоқоти раиси вилоят бо роҳбари JICA

5-05-2017, 10:19

Мулоқоти раиси вилоят бо роҳбари JICA


Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳбари навтаъйиншудаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Хидеки Танабе дидору мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон аз раванди ҳамкориҳои судманди давлати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, бахусус, аз ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, сохтмон ва барқароркунии роҳҳои автомобилгард, дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои васеъ намудани доираи фарогирии лоиҳаи ҳамкориҳо дар самтҳои тоза кардани шабакаҳои обтаъминкунӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъсис додани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти тиббӣ табодули назар намуданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамкорӣ то соли 2020

Ҳамкорӣ то соли 2020

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Мулоқоти Раҷабалӣ Раҷабов бо Такуми Тогашӣ

Мулоқоти Раҷабалӣ Раҷабов бо Такуми Тогашӣ

Хабарҳо
Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА