Дар як сатр
» » Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

4-05-2017, 17:11

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора


Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти «50 солагии Тоҷикистон»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гирифтани пора дастгир намуд.

Абдураҳим Қувватов, сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш бо ҷурми қаллобӣ гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ дар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Номбурда ҳангоми дар вазифаи муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш фаъолият карданаш, бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд Исроил Шамсов даромада, аз ӯ барои мусоидат дар гирифтани 0,10 гектар замини зист аз Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ҳамин ноҳия 5000 доллари ИМА талаб кардааст.

Ба ин қаноат накарда, ӯ моҳи ноябри соли 2013 бо ҳамин тарз барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини зист аз шаҳрвандон Раҷабалӣ Зокиров 9500 доллар, Бӯстон Тағоев 3700 доллар, Гулбаҳор Нодирова 4000 доллар, моҳи майи соли 2016 аз Маҳмадҷон Мусулов 50 000 сомонӣ, соли 2011 аз Нусратулло Шарипов 10 000 доллар ва моҳи январи соли 2014 аз Маҳмуд Алиев барои 0,06 гектар 1500 доллар талаб намуда, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.

Оид ба ҳолатҳои зикршуда нисбат ба Абдураҳим Қувватов бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, Бободжон Ғоибов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти «50- солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб се нафар сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ҷудо карда додани қитъаҳои замини зист аз ҳисоби заминҳои деҳаи Ёсуман дар маҷмӯъ 63 ҳазору 529 сомониро тасарруф намуда ба шаҳрвандон зарари калони моддӣ расонидаанд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур бо айбдории Ғоибов Б. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА