Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” соҳибашро ёфт


Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” соҳибашро ёфт



31 март, дар шаҳри Бохтар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба футболи хурд миёни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон 2009-2010 бахшида ба хотираи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ризоматов ба анҷом расид.

Мусобиқаи мазкур бо сарпарастии рӯзномаи “Хатлон” ва ибтикори Федератсияи футболи вилояти Хатлон аз рӯзи 24 то 31 март идома карда, дар он 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар се зергурӯҳ миёни ҳам рақобат карданд.



Дар натиҷа дастаҳои футболи “Ҷавонон-1”-и шаҳри Бохтар, “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Хатлон-2”-и маркази вилоят се ҷойи аввалро аз худ намуданд (Гузориши муфассал аз ҷараёни мусобиқа дар шумораи навбатӣ нашр мешавад).

www. khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода