Дар як сатр
» » Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

27-04-2017, 11:25

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»


Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи қабули шаҳрвандон ва шунидани арзу шикоят, пешниҳодоти онҳо аз тарафи роҳбарони вилояту ноҳия дар сатҳи баланд қарор дошта, шаҳрвандон аз чунин ранг гирифтани кор қаноатманданд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло рӯзи 22 апрели соли равон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ноҳияи Фархор омад. Роҳбарони ташкилоту корхона, муассиса ва ҳамчунин намояндагони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва сокинон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷамъ омаданд. Ҳамзамон дар ин вохурӣ роҳбарони ниҳодҳои вилоятии минтақаи Кӯлоб низ бо дархости мақомоти иҷроияи вилоят дар қабули шаҳрвандон ширкат доштанд, ки мақсад аз ин дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада вазифаи хизматии худро иҷро намоянд.

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, афзуд, ки мақсад аз мулоқот ин мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои доғи рӯз, ҳамчунин шунидани арзу дархост ва таклифу пешниҳодҳои сокинони ноҳия буда, дар ҳамдастӣ бо шумо ба қадри имкон ҳаллу фасли онҳост.

Сипас, як зумра сокинони ноҳия баромад намуда, арзу дархости худро ба раиси вилоят иброз намуданд:

Муҳаммад Вализода: - Мо- ҷавонон ҳамеша пайрави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ пуштибонӣ менамоем. Баҳри боз ҳам мустаҳкам гардидани иқтидори иқтисодӣ ва гулгулшукуфии диёрамон кӯшишу ғайратамонро дареғ намедорем. Ғамхориҳои пайвастаи давлати Тоҷикистон, алалхусус Сардори давлатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ҳадду канор надорад. Эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон ин боз як нишонаи ин ғамхориҳост. Барои мо имрӯз тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайёст. Давоми соли гузашта ва имсол барои ҷавонони ноҳияи Фархор 17 майдончаи варзишӣ омода шудааст. Мутаассифона, онҳо қонунӣ гардонида нашудаанд, яъне сертификату ҳуҷҷатҳои заруриро надоранд. Ин заминҳо аз ҳисоби заминҳои корами обӣ буда, 25 гектарро ташкил медиҳанд. Хоҳишмандем дар кори расмӣ намудани қитъаҳои замини мазкур мусоидат намоед.

Раиси вилоят иброз дошт, ки ҳалли ин масъала як дараҷа мушкил аст. Зеро мувофиқи қонунҳои мавҷуда дар замини корами обӣ сохт-мон манъ аст. Ҳалли ин масъала ба Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Аз ин лиҳоз раиси вилоят аз шахсони масъули соҳа хоҳиш намуд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоянд, то онҳоро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоем.

Адолат Буриева дархост намуд, ки барои сохтмони чор муассисаи таълимӣ қитъаи замин ҷудо карда шавад.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қабл аз посух аз масъулини ноҳия пурсон шуданд, ки оё маблағ ва шахсони маблағгузори ин сохтмон муайян гардидааст. Чун ҷавоби рад шуниданд, ҳалли масъаларо то дарёфти маблағ мавқуф гузоштанд. Зеро давоми чанд сол ин заминҳо аз истифода берун хоҳанд монд.

Раҷабалӣ Одинаев,-сардухтури беморхонаи сили ноҳия: Хоҳиш намуд, ки барои таъмиру тармими беморхонаи сили ноҳия дасти ёрӣ дароз намояд. Зеро беморхонаи мазкур бори охир соли 1998 таъмир гардида, имрӯз дар ҳолати бад қарор дорад.

Раиси вилоят ба шахсони масъул супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои заруриро оиди маблағи таъмир омода намоянд, то тавассути маблағи вилоятӣ ва ё дастгирии ташкилотҳои мададрасони хориҷӣ ин масъала ҳал карда шавад.

Зафар Мирзоев,-сардори хоҷагии боғдорӣ гуфт, ки барои маҳсулоти боғдорӣ зарурати бунёди анбори нигаҳдории маҳсулот-сардхона пеш омадааст. Хоҳиш намуд, ки дар сохтмони сардхона мақомоти иҷроияи вилоят ёрӣ расонад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

Раиси вилоят иброз дошт, ки сараввал истеҳсоли меваҷот ва полезиро ба роҳ мондан зарур аст. Сипас, ҳуҷҷатҳои зарурӣ-лоиҳаи онро омода бояд намуд. То ин ки бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, аз кумаки онҳо истифода бурда шавад.

Исмон Назаров, раиси маҳаллаи Ҷамоати деҳоти «Ватан» бошад, дархост намуд, ки барои таҷҳизонидани бунгоҳи тиббии ба тариқи ҳашар сохташуда таҷҳизоти тиббӣ ёрӣ расонда шавад.

Раиси вилоят ба масъулини соҳаи тиб ва бахши молия супориш дод, ки маблағи мазкурро муайян намуда, лавозимоти тиббии заруриро дастрас намоянд.

Нуриддин Шамсӣ, омӯзгор аз раиси вилоят хоҳиш намуд, ки дар кори ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ёрӣ расонад. Зеро ӯ оиладор асту то ҳол манзили истиқоматӣ надорад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъулини бахши заминдорӣ ва заминсозиро таъкид намуд, ки ҳарчи зудтар масъаларо ҳал намуда, давоми ҳафта ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ахборот пешниҳод намоянд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баъди шунидани арзу дархостҳои сокинон баромад намуда, оид ба вазифаю нақшаҳои имрӯзаи роҳбарон ва аҳли меҳнат сухан ронда, афзуд, ки ҳарчанд меҳнаткашони ноҳияи Фархор аз иҷрои нақшаю дурнамоҳои истеҳсолӣ
баромада бошанд ҳам, бо вуҷуди ин камбудию нуқсонҳо дар ноҳия ба назар мерасанд. Масъалаи аввал ин ба таври бояду шояд истифода набурдани заминҳои корами обӣ мебошад. Раиси вилоят афзуд, ки дар баъзе ноҳияҳои вилоят, аниқтараш минтақаи Қӯрғонтеппа ҳосили аввали баъзе қитъаҳои заминро ҷамъоварӣ намуда, ба кишти такрорӣ омодагӣ мегиранд. Ҳарчанд заминҳои ноҳияи Фархор барои ин кор хеле мувофиқ аст, вале аз он бо камоли кордонӣ истифода намебаранд. Дар ин ҷо ҳам оби фаровон ҳасту ҳам заминҳо қумзамин мебошанд, ки ин дар кори парвариши маҳсулот хеле мусоидат менамояд.

Ҳамчунин раиси вилоят афзуд, ки барои бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои киштшаванда бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як дастгоҳи обкашии пуриқтидор ҷудо гардидааст, ки рӯзҳои наздик ба ноҳия дастрас карда мешавад. Ҳамчунин раиси вилоят ёдовар гардид, ки ҳар як ноҳия бояд худашро таъмин намояд, нигарони ёрӣ (дотатсия) аз ҷумҳурӣ набошад. Ин ба меҳнату заҳмати ҳар як шаҳрванд, сокини ноҳия ва роҳбарони корхонаю хоҷагиҳои деҳқонӣ вобастагии қавӣ дорад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баробари масъалаҳои иқтисодӣ доир ба масоили доғи рӯз, аз ҷумла таълиму тарбияи ҷавонон сухан ронда, афзуд, ки аз бетарафӣ ва аҳамияти бояду шояд надодани мо имрӯз баъзе ҷавонон ба равияву гурӯҳҳои тундрав майл намуда, ҳатто ба он дохил гардидаанд. “Мувофиқи маълумотҳо, аз ноҳияи Фархор ба гурӯҳи хуношоми давлати ба ном исломии ДИИШ 35 нафар ҷавонони ноҳияи Фархор шомил гардидаанд, ки ин нишондиҳандаи нигаронкунанда аст. Сари ин масъала бояд шахсони масъул андеша намоянд. Набояд ба ин амали ҷавонон бетарафӣ зоҳир намуд. Ҳар нафар, чи шахсони масъул ва чи шаҳрвандон сари ин масъала андеша намоем, барои солимии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу ҳимояи кишвари азизамон саҳми худро гузорем ва дар кори рушду нумуи ҷомеаи демократиамон ҳиссагузор бошем”.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ,
Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Фархор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси вилоят шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро маҳкум кард

Раиси вилоят шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро маҳкум кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Бохтар

Қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Бохтар

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА