Дар як сатр
» » «Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

«Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

26-04-2017, 10:58

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Бо ибтикори намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, саёҳати 130 ҷавони хатлониро аз рӯйи хатсайри Қӯрғонтеппа - Ҳисор– Душанбе ташкил намуд.

Ҳар халқи дунё дорои муқаддасотест, ки дар давраи муайяни таърихӣ симои ин халқро инъикос намуда, гувоҳномае аз ҳиссаи он дар бунёди тамаддуни башар мебошад. Аз ин муқаддасот то замони мо шаҳру шаҳракҳои қадима, манораю мақбараҳо ва ё осори хаттӣ боқӣ мондаанд. Саёҳати ин гурӯҳи ҷавонон аз қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор оғоз гардид.

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд- Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар ин саёҳат ҷавонони фаъолро аз шаҳри Қӯрғонтеппа ҷалб намоему дар оянда бо онҳо кор барем, - мегӯяд Наврӯз Ҳусейнов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадаш қайд менамояд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Ба хотири шиносоии ҷавонон бо таъриху тамаддуни миллӣ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тасмим гирифт, ки саёҳати фарҳангии як гурӯҳи ҷавононро аз рӯйи хатсайри Қӯрғонтеппа - Ҳисор– Душанбе ташкил намояд, то онҳо аз ҷойҳои таърихии кишварамон дидан кунанд. Масалан, яке аз ҷойҳои таърихӣ ин қалъаи Ҳисор, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор мебошад. Қалъаи Ҳисор таърихи сеҳазорсола дорад ва бозёфтҳои пурарзиши қадимие дар он кашф шудаанд.

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Дар рӯ ба рӯи қалъа осорхонаи таърихии қалъаи Ҳисор мавҷуд аст ва дар давраҳои бостон ин ҷо мадраса буда, фарзандони шахсони сарватманди ҳамон замон таҳсил менамуданд. Дар ин мадрасаи ибтидоӣ толибилмон забонҳои арабию форсӣ, Қуръону шарҳи он, ибтидои мантиқ, фалсафаро омӯхта, баъдан барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои Бухоро мерафтаанд.

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Ҳоло ин мадраса осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор буда, дар он бозёфтҳои нодир маҳфуз аст.

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Дар охир, ҷавонон ба Душанбешаҳр омада, аз Боғи Ирам, ки беш аз 4500 навъҳои гулу растанӣ ва буттаву дарахтҳо парвариш меёбад, аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунни аз Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА