Дар як сатр
» » Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

26-04-2017, 10:38

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Дартолори Кохифарҳанги Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа баноми Носири Хусрав чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшудаи экстремистию террористӣ ва огоҳсозии онҳо аз хатарҳои ин зуҳурот” баргузор гардид. Мақсади ин ҳамоиш ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намудани ҷавонон, таблиғи арзишҳои миллию давлатдорӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани онҳо, ташвиқи ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва шарҳу тафсири пайомадҳои ногувори гаравиш ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ арзёбӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник Ш. Ҳ. Шарипов, сардори шуъбаи муқовимат бо экстремизм, терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири дараҷаи 1, полковники адлия Саидқадам Зоирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав Шодиён Муҳаммад Султонзода, муовини сархатиби вилоят Усмоналӣ Норов, донишҷӯён ва фаъолони вилояти Хатлон иштирок доштанд.

СараввалМ. Шодиён, ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, суханронӣ намуда, қайд кард, ки терроризму экстремизм имрӯз ба амнияти тамоми ҷаҳон хатарзо аст. ӯ аз ҷумла гуфт: «Маънои луғавии калимаи “ифрот” аз ҳадди эътидол дар ин ё он самт баромадан аст ва имрӯз ифротгароию тундгароӣ омили асосии ба ташвишоварандаи аҳли ҷамоатчигӣ гаштааст. Ифротгароии динӣ, ақида ва мавқеъгириҳои тунде, ки дар баъзе ҷавонҳои роҳгумзада мебинем, нишонаи мағзшӯӣ шудани онҳо аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои хатарнок ва манъшуда мебошад. Пас, набояд бетараф бошем, бо ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ мубориза барем. Зеро тамоми ташкилоти экстремистию террористӣ ба пояи мазҳаби мо табар мезананд”.

Тавре ки дар ин ҳамоиш зикр гардид, баъзе кишварҳои хориҷӣ дар шароити имрӯза тамоми амалҳои хилофкорона ва муғризонаи худро мустақиман тавассути маблағгузорӣ ё сарпарастии созмону ҳаракатҳо ва равияҳои гуногуни динӣ, ифротгароӣ ва моҷароҷӯ барои расонидани таъсир ба шууру маънавиёти ҷавонону наврасон равона карда истодаанд. Дар ин замина ҷавононро мебояд аз ҳушёрию зиракӣ кор бигиранд. Бо миллати соҳибтамаддун, ватан ва давлати соҳибистиқлол, забону фарҳанги ғановатманди хеш ифтихор намоянд.

- Терроризм ва экстремизм зуҳуроте мебошанд, ки ба амнияти тамоми сайёра имрӯзҳо таҳдид карда, ба раванди асосии рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисоди кишварҳои ҷаҳон хатар эҷод менамоянд, - зикр намуд сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковник Шарипов Ш. Ҳ. -Терроризму экстремизм, бунёдгароӣ ва радикализм дар якҷоягӣ маҷмӯи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барангезандаи ҷангу низоъҳо, қатлу куштор, даҳшату ваҳшоният ва бадбахтии инсоният ба шумор мераванд.

Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ташкилоти хусусияти террористӣ-экстремистидошта ва муайян намудани сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳо дар солҳои 2016-2017 як қатор тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳии мусоидаткунандаро роҳандозӣ намудааст.

Ба қавли Ш. Шарипов, шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти террористиву экстеримистӣ, ширкати онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия, Ироқу Шом ба яке аз проблемаҳои ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ҷиҳодиёни ДИИШ бо ваҳшоният, ҷоҳилӣ ва бераҳмии худ аз дигарон фарқ мекунанд, ки чандин ҳазор сокини бегуноҳ дар ин низоъҳо ба қатл расонида шуданд.

- Роҳҳои ҷалбшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ гуногун мебошад, - гуфт Ш. Шарипов. – Аксари онҳое, ки ба гурӯҳу созмонҳои террористӣ шомил шудаанд, аз ҷониби эмисарон ва ноболиғони махсус тайёркардашудаи “Давлати исломӣ” (ташкилоти манъшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), қисми дигар аз тарафи хешу табори нафароне, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия қарор доранд ва гурӯҳи сеюм тавассути шабакаҳои интернетӣ ба созмонҳои ифротӣ ҷалб карда шудаанд.
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Дар хотима, бори дигар таъкид шуд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон масъулияти ҷавононро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаамон ва хусусан дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм дучанд менамояд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари гурӯҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Дӯстӣ

Сафари гурӯҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Дӯстӣ

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА