Дар як сатр
» » Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

10-01-2015, 13:02

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбадВилояти Хатлон бо 32 давлати хориҷӣ мубодилаи молу коло дошта, дар соли 2014 ҳаҷми содироти маҳсулот 99,9 миллион доллар ва воридот 195,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нукта дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2014, ки 9 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барпо шуд, зикр гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ 108 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 2419 ҷойи нави корӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

- Вале рафти бунёди корхона ва коргоҳҳои нав дар ноҳияҳои Қумсангир, Панҷ, Мӯъминобод, Балҷувон ба талабот ҷавобгӯ набуда, ноҳияҳои Қумсангир, Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш доданд, - таъкид кард Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон.

Соли 2014 дар ноҳияи Данғара Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 МВт иборат аз ду агрегат ба маблағи 318 миллион доллари амрикоӣ, дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” аз тарафи ҶДММ “Тоҷ-Осиё” корхонаи истеҳсоли моеъи шустушӯӣ бо иқтидори 30 тонна дар як сол, дар ноҳияи Хуросон аз тарафи ҶДММ «Водии Заррин» корхонаи коркарди пахта бо иқтидори коркарди 300 тонна пахта дар як шабонарӯз, дар назди ҶДММ «Саодат» корхонаи коркарди шир бо иқтидори 327 тонна шир дар як сол, дар ноҳияи Панҷ дар назди маркази хизматрасонии «Тоҷикистон» коргоҳи дӯзандагӣ бо иқтидори 2 ҳазор дона дӯхти либос ва қуроқдӯзӣ, дар ноҳияи Ҷиликӯл корхонаи асфалтбарорӣ бо иқтидори истеҳсоли 360 метри мукааб асфалти гарм дар як шабонарӯз, дар ноҳияи Шаҳритус дар назди ҶДММ «Дук» корхонаи коркарди пила, дар ноҳияи Ёвон як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор дароварда шуда, аз ҷониби соҳибкор Илҳом Мирзоев коргоҳи истеҳсоли либосҳои бачагона ва ҷӯроббофӣ ба маблағи 15 миллион сомонӣ бо иқтидори 30 ҳазор дона либоси бачагона ва корхонаи нави коркарди пахта бо иқтидори 15 ҳазор тонна пахта сохта, санги асоси сохтмони якчанд корхонаи нави саноатӣ гузошта шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст низ бунёд мешаванд

Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст низ бунёд мешаванд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА