Дар як сатр
» » Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

24-04-2017, 09:20

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо
Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар давоми се моҳи соли равон наздики 1850 адад асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайд гирифт, ки аз он 821 адад сабти таваллуд ва 276 адад сабти никоҳ мебошад. Аз ҳисоби сабтҳои умуми 39430 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети маҳаллӣ ва 23154 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати адлия даромад шудааст. Вобаста ба дастуру ҳидоятҳо дар бобати ба сарпарастӣ гирифтани ятимону бепарасторон, дар ин муддат бо дастгирӣ ва раводиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор, сокинони ноҳия панҷ нафар ятимро ба фарзандхонӣ қабул намуданд, ки ин ҳолат ба қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил гардид. Ҳамчунин, дар роҳи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар самти номгузорӣ 148 нафар шаҳрвандони ноҳия дар ин муддат ивази ному насаб карданд, ки он ҳам бо роҳи қонунӣ асоснок карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар фаъ-олияти кории идораи мо вобаста ба ваколат ҳолатҳои номатлуб низ, ки ҳанӯз ҳам дар ҳаёт ҷой доранд, ба қайд гирифта мешавад. Ҷудошавии оилаҳо яке аз онҳост, ки дар ин давра 20 ҳолат рух додааст. Ҳарчанд ин рақам нисбати ҳамин давраи соли пешин кам аст, бо вуҷуди ин кормандони бахш дар ин бора бо намояндагиҳои худ дар деҳот, кумитаҳои маҳал, бахши занон корро боз ҳам ҷоннок менамоянд, то ин ки ҷудошавӣ, махсусан дар байни оилаҳои ҷавон, батамом барҳам хӯрад.

Бахши САҲШ-и ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он дар қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо омма корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста пеш мебарад. Ба он талош меварзанд, ки тамоми тӯйҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шаванд. Назорат бурда мешавад, ки никоҳи хешутаборӣ, ки мувофиқи қонун манъ шудааст, аз байн бурда шавад. Никоҳшавандаҳо ҳатман аз муоинаи тиббӣ, ки ба тариқи ройгон аст, мегузаранд.

Дар баробари ин, бахш дар чорабиниҳои ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар арафаи ҳар гуна ҷашну идҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тариқи хайриявӣ баргузор намудани тӯйи суннатии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, тӯйи арӯсию домодӣ ва бо таври ройгон аз қайди никоҳ гузаронидани онҳо аз ҳамин ҷумла аст. Чунончи, дар доираи чорабиниҳои иди Наврӯз 4 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат тӯйи суннатӣ, як ҷуфти арӯсу домод ройгон аз қайд гузаронида шуда, ба як нафар ятими кулл кумаки молиявӣ расонидем.

Бахши САҲШ-и ноҳия дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Соли ҷавонон тамоми чораҳоро мебинад, то ки ҷавонон барои барпо намудани оилаҳо сабуру дурандеш бошанд, пеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам мемонанд, хонанд, соҳибмаълумоту соҳибкасб шаванд, якдигарро хуб донанд. Дар ҳаёти оилавӣ ба каму кост рӯ ба рӯ нашаванд, зиндагии ширин дошта бошанд, насли солиму солеҳ ба дунё биёранд.

У. АФҒОНЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и
ноҳияи Хуросон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Амали хайру савоб дар арафаи Наврӯз

Амали хайру савоб дар арафаи Наврӯз

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тӯйи дастаҷамъонаи суннатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Тӯйи дастаҷамъонаи суннатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ