Дар як сатр
» » Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

24-04-2017, 08:53

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

Дар Раёсати андози вилояти Хатлон дар мавзӯи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 №1367 ва дар амал дуруст татбиқ намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №45, тасдиқ гардидааст, семинар-машварат баргузор гардид, ки дар он кормандони нозиротҳои андози шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияҳои Вахшу Бохтар иштирок доштанд.

Ҷаласаро сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон С. Гулмуродзода кушода, қайд намуд, ки нисбати ҳар як тағйиру иловаҳои баамаломада, оид ба қонуниятҳои андозу андозбандӣ мунтазам дар марказ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят семинар-машваратҳо гузаронида мешаванд, ки онҳо аз манфиат холӣ нестанд.

Оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 таҳти рақами 1367 сардори шуъбаи Раёсати такмили андоз ва санадҳои меъёрии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Ҳотамов баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки аз матни пурраи Кодекси андоз калимаҳои «Сарқонун», «нахи пахта ва» пурра бардошта шуд. Ба моддаи 42, қисми 4, моддаи 45, қисми 5, моддаи 65, қисми 2, моддаи 78, сархатти 1 ва 2, қисми 6, моддаи 162, қисми 7, моддаи 166, қисмҳои 3,4,5,8,15, моддаи 186 ва қисми 1 моддаи 259 бо матни пурра иваз ё қисман ба онҳо иловаҳо ворид карда шудааст.

Ҳ. Ҳотамов дигар тағйиру иловаҳои баамаломадаро мухтасар бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод. Аз ҷумла, нисбати паст гардидани нархи бозорӣ, намудҳои соҳибкороне, ки минбаъд бе бақайдгирӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият карда наметавонанд, гузариш аз низоми содакардашуда ба низоми умумӣ ва баръакс, тартиби истифодаи ҳисобнома-фактураҳоро низ бо шарҳи мисолҳо баррасӣ кард.

Сипас, масъалаҳои дуруст татбиқ намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 таҳти рақами №451, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 №45 мавриди амал қарор дода шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус муовини сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Кабиров баромад намуд. Номбурда ҳар як банди қарорро ба ҳозирин шарҳ дода, қайд намуд, ки бандҳои 9,10,11 бо пуррагӣ ва ба бандҳои 4,5,6,12,29,33,35,36,37,38,40,41,43,46,48 ва 49 қисман тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, қайд кард, ки дар оянда соҳибкорони камдаромад, ки ба фаъолияти фурӯши гиёҳҳои шифобахш, дӯғоб, ғулингоб, чой ва донаи офтобпраст дар кӯча, фурӯши рӯзномаҳо, маҷалла ва тақвиму китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмиру тоза кардани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматрасонии телефонии кӯчагӣ, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯйи воситаҳои нақлиёт дар кӯча ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда, қабрканҳо, дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), ҳамчунин, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарию кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ) мавриди андозбандӣ қарор намегиранд. Яъне барои чунин фаъолиятҳо патент талаб карда намешавад. Мавсуф, инчунин, қайд кард, ки минбаъд барои роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ аз қисми эзоҳ ҷумлаи «Дар ҳолати зиёд шудани майдони савдо аз 8м2 то 20м2 барои ҳар як метри квадратии зиёдатӣ андоз аз даромад 33 сомонӣ ва андози иҷтимоӣ 17 сомонӣ, ҷамъ иловатан 50 сомонӣ пардохт мешавад» бардошта шуд.

Ҳамчунин дар семинар оид ба тартиби истифодабарии дурусти мошинҳои назорати хазинавӣ, тартиби дурусти ҳисоб ва пардохти андоз аз даромад, истифодаи дурусти имтиёзҳои андоз, нисбати бақайдгирии корхонаҳои навтаъсис, оид ба истифодаи коэффисентҳои минтақавӣ, ба бақияи қарзи андозҳо, тартиби ҳисоб ва пардохти андози иҷтимоӣ, нисбати андозсупорандагони бемасъулият, тартиби ба барнома ворид намудани пешпардохти патент, тартиби андозбандии андози ягона, иваз намудани аъзоёни саҳмдорон, меъёри андози иҷтимоӣ барои коргарони шартномавӣ ва ғайра баҳсу мулоҳизаҳо сурат гирифт.

-Ташкилу гузаронидани чунин семинар-машваратҳои фаҳмон-дадиҳӣ, - қайд кард дар охири ҷаласа сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон С. Гулмуродзода,- иқдоми басо хуб буда, савияи дониши кормандони сохторро баланд мебардорад.

С. БАЁЗӢ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад

Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
94,5% - ҷонибдори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

94,5% - ҷонибдори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум ...

Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният