Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Алоқамандии Наврӯз ба ҷашни давлатҳои дунё


Алоқамандии Наврӯз ба ҷашни давлатҳои дунё



Агар ба ҷашни Наврӯз ва мақоми он дар ҷомеа чашмандозӣ кунем, ки равобити зиёдеро дар таркиби маросим ва анъанаҳои фарҳанги ҷашнии бисёр халқҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем. Масалан, умумияти байни ҷашни миллии форсизабонон Наврӯз ва идҳои бузурги мисриён-Осирис ва юнониён-Адонис мавҷуд аст. Дар ҷашнҳои мисриёну юнониён тантанаҳо бахшида ба бедоршавии табиат, эҳёи олами пир, оғози ҳамагуна кор таҷлил мегардид, ки бешубҳа, пойдорию таъсири анъаноти Наврӯз аст.

Вобаста ба ин, қайдҳои олими амрикоӣ В. Эберхардро дар бораи он ки ду анъанаи наврӯзӣ - яке ба ҳамдигар об пошидан ва дигарӣ таъсису истиқболи корвони наврӯзӣ (метавон онро карнавал гуфт), ки дертар ба ҷашни солинавии хитоиҳо ворид шуд, мисол овардан мумкин аст. Эберхард зикр мекунад, ки «Хусусияти характерноки ҷашни мазкур ин буд, ки мардҳо аз кӯчаҳо гузашта, ба ҳамдигар ва ҳамаи тамошобинон об мепошиданд, раққосон дар намоишҳо ширкат меварзиданд ва баъзеи онҳо ҳамроҳи савдогарон ба Хитой мерафтанд. Ҷашни Наврӯз дар Осиёи Марказӣ ва Хитой ба ҳукми анъана даромада буд».

Ин ки қисме аз халқияту давлатҳои рӯи олам, аз қабили Хитою Италия, Олмону Франсия, Бразилия ва дигар давлатҳои хурду бузург чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва ҷашнҳои миллиашонро асосан дар шакли карнавал мегузаронанд, бегуфтугӯ, таъсири яке аз нахустин чорабиниҳои оммавии рӯи олам – Наврӯзи оламафрӯз аст, ки ниёгонамон онро дар шакли оммавии карнавали наврӯзӣ баргузор менамуданд.

Ҳамасола дар калонтарин шаҳри Бразилия – Рио-де- Жанейрои қитъаи Америкаи Ҷанубӣ карнавали бузургтарин баргузор мегардад, ки аксари мардум дар арафаи Иди мазҳабиашон бо сару либоси идонаи миллӣ ва нақшу ороишоти хеле назаррабою диққатҷалбкунанда ба бар ба идгоҳу кӯчаҳо мебароянд ва чунин хушҳолиҳо тайи панҷ рӯз- аз рӯзи ҷумъа то рӯзи сешанбеи ҳафта идома меёбад.

Бо вуҷуди таъқибу тасаллути арабу ислом дар Эрону Осиёи Миёна Наврӯз на ин ки завол наёфт, балки бо тамоми оину анъанаҳояш густариш ёфта, ҳатто дар давраи хилофати фотимиёни Миср ҷашни Наврӯз ҳамчун Соли Нав ба ҳукми анъана даромад. Бо вуҷуди дар соли 974 аз ҷониби халифаи Миср расман мамнуъ эълон карда шудани ҷашни солинавии Наврӯз - халқ баръакс, онро на ин ки як, балки се рӯз ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯшиши аз байн бурдани ин ҷашни қадимию анъанавии халқҳои маҳаллиро карданд. Вале халқ новобаста ба тазйиқу мамониати аҷнабиён Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Наврӯзро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрону Туркия, Чину Россия, Ҳиндустону Афғонистон, Покистону Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо аксар бо номи шабеҳи як мафҳум: тоҷикон-«Наврӯз», озарҳо- «Novruz», туркҳо- «Nevruz», бошқирду тоторҳо- «Неуруз», қазоқҳо- «Наурыз», қирғизҳо- «Нооруз», тоторҳои Қрим«Navrez», ӯзбекҳо- «Navroz», туркменҳо- «Nowruz», курдҳо«Newroz», ки маънои ҳамаи ин рӯзи нав аст, ҷашн мегиранд.

Инак, чандин баҳор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳукми байналмилалиро гирифта, дар аксари кишварҳо онро мардум новобаста аз дину мазҳабашон таҷлил мекунанд ва ин ҷашн омили муттаҳидкунандаи халқиятҳо ба шумор меравад. Махсусияти хоси Наврӯз он аст, ки он дар тамоми деҳаву ҷамоат ва шаҳраку марказҳои маъмурӣ бо риояи оину анъанаҳои наврӯзӣ, тозаву озода намудани хонаву маҳалли зист, шинонидани гулу бутта ва ниҳолҳои боровару сояафкан, зиёрати манзилгоҳҳои гузаштагон, аёдати беморону калонсолон, пирону барҷомондагон баргузор шуда, ба кӯдакону тарбиягирандагон, дардмандону калонсолон ва беморон туҳфаҳо ва кумакҳои наврӯзӣ ҳадя карда мешаванд.

Боиси хушнудӣ аст, ки бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси гаронбаҳои фарҳангии башарият - ЮНЕСКО ворид карда шуд ва 21 март ҳамчун Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ эълон гардид.

Ифтихори мо-тоҷикон он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода