Дар як сатр
» » Ҳамеша дар хизмати мардум хоҳам буд

Ҳамеша дар хизмати мардум хоҳам буд

10-01-2015, 12:19

Ҳамеша дар хизмати мардум хоҳам буд
Тавре медонем, мувофиқи солшумории мелодӣ имсол ба соли гӯсфанд рост меояд. Ситорашиносон бар ин назаранд, ки шахсони таҳти бурҷи гӯсфанд бадунёомада новобаста ба «инҷиқиҳо»-и хислати худ хеле оқилу рамузфаҳм ва фарохдастанд. Бахусус заноне, ки дар ин сол зода шудаанд, дар оғӯши табиат буданро дӯст медоранд, оромию ҳамдилиро меписанданд.

Мо ба Садаф Одинаева, табиби собиқадор, зани фаъолу соҳибноми хатлоние, ки зери ҳамин бурҷ ба дунё омадааст, бо як савол муроҷиат кардем: «Дар соли 2015, ки ба мучали шумо рост меояд, дар рушди ҷомеа чӣ саҳме хоҳед гузошт ва дар ҳаёти шахсиатон чи нақшаҳо доред?»

- Замоне, ки бо амри тақдир арӯс шуда, аз шаҳри Хуҷанд ба Фархор омадам ва ба кор шурӯъ кардам, дар Фархор мутахассиси момодоя (гинеколог) набуд, - мегӯяд Садаф Одинаева. - Он замон ман танҳо дар фикри он будам, ки чӣ гуна ба занон кӯмак намоям, зеро онҳо зиёд ба кӯмаки мутахассис эҳтиёҷ доштанд. Думболи шуҳрат ва пулу мол нарафтам ва солҳои зиёд хизмати мардумро адо намудам.

Азбаски табиби занона ҳастам, пеш аз ҳама, мехоҳам дар соли нав ҳам ба саломатии занҳо диққати бештар диҳам, зеро солимии ҷомеа аз солимии занону модарон вобаста аст. Агар дар соли 2015 имкон медоштам, таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ карда, 500, илло 1000 зани фархориро ройгон табобат мекардам.

Панҷ соли охир ба нигоҳубини шавҳари беморам андармон будам, аммо ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ба ҳайси мудири шуъбаи зоишгоҳ корамро бомасъулиятона анҷом диҳам. Дар баробари ин, панҷ фарзанди соҳиби маълумоти олӣ дорам. Азбаски нисфи зиёди умрамро ба хизмати мардум бахшидаам, имсол мехоҳам вақти бештарамро бо фарзандонам гузаронам. Мехоҳам писару духтари хурдиамро дар соли 2015 хонадор кунам. Орзу дорам барои домоду келини таҳсилдида дарёфт намоям, то фарзандонам зиндагии хушу осуда дошта бошанд.
Садаф Толибовна Одинаева, ки дар соли нав ба синни мубораки 60 қадам мениҳад, бо вуҷуди он ки ба нафақа баромадааст, бо хоҳиши маъмурияти беморхонаи марказии ноҳияи Фархор дар шуъбаи таваллуди ин муассиса ба ҳайси табиб кор мекунад.
Барояш сарбаландӣ мехоҳем!

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»

«Занамро танҳо духтури ҷинси зан бояд муоина кунад!»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳабиби модарони Фархор

Ҳабиби модарони Фархор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, НАҶОТ САФАРЗОДА
Келини таҳсилдида мехоҳам

Келини таҳсилдида мехоҳам

Маориф ва илм, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД