Дар як сатр
» » Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд

Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд

20-04-2017, 09:15

Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд


Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мизи мудаввар дар мавзӯи «Риояи қоидаҳои одоби муоширати расмӣ дар хизмати давлатӣ» курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон (мутахассиси пешбар)-и шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Одоби хизматӣ ё одоби корӣ (давлатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ) маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботест, ки ҳадафи он танзими томи фаъолияти серсоҳаи инсон аст. Риоя накардани талаботи он, дар маҷмӯъ, боиси коҳиш ёфтани самара ва поин омадани эътибори фаъолият мегардад. Низоми нави ҷомеа ба сатҳи баланд ва возеҳи одоби сиёсӣ ва расмӣ ниёзманд аст.

Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд

Ин иқдом дар Хатлон аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Омӯзгорони ин донишкада дар мавзӯъҳои «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси одоби хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Этикети дипломатӣ ва қоидаҳои ташрифоти расмӣ», «Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ», «Одоби муоширати расмӣ», «Этика ва поквиҷдонӣ - фарҳанги пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ»-ро ба кормандони САҲШ маърӯзаҳо хонданд.

Ҳ. Нуриддинов, намояндаи донишкадаи болозикр, мегӯяд, ҳадафи аслии мо ба роҳ мондани муносибати хуб бо мардум аст.

Шарифҷон Шарипов, мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ, дар мавзӯи «Нақши фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ» дар назди кормандони САҲШ баромад намуд. «Сарвар, роҳбар бояд воқеан нафари шоиста, соҳибтаҷриба, муаддабу кордон будани хешро тавассути рафтору риояи одоби сиёсӣ ва расмӣ нишон диҳад, ба забони адабии тоҷикӣ эҳтиром гузорад. Фаъолияти корӣ ва муносибати роҳбарон ба кормандону шаҳрвандон баёнгари сатҳи фарҳанг, маърифат, масъулият ва одоби онҳост. Бо арзишҳо, қоидаҳо ва талаботи одоби расмӣ ва сиёсӣ беҳтар ошно будан ва онҳоро зебо риоя кардан шарти муҳим аст, чун ба ин васила обрӯи мақомоти давлатӣ дар назди шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ меафзояд», - зикр кард ӯ.

Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд

Дар ҳақиқат ҳам, беэътиноӣ, бепарвоӣ ва хунукназарӣ нисбати меъёрҳо, арзишҳо ва талаботи эътирофшудаи одоби сиёсӣ ва назокати сухан ба обрӯю нуфузи роҳбар ва имиҷи сиёсии кишвар таъсири ногувор ва манфии дарозмуддат гузошта метавонад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маданияти истироҳатро низ бояд омӯхт (аксу видео)

Маданияти истироҳатро низ бояд омӯхт (аксу видео)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мансаб ва одоби расмӣ

Мансаб ва одоби расмӣ

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА