Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Хони наврӯзӣ


Хони наврӯзӣ



Хони наврӯзӣ аз замонҳои хеле бостон ҳамчун рамзи баракату хайру эҳсон то замони мо аз насл ба насл расидааст. Дар бораи чунин хони рамзии наврӯзии ниёгон ишоратҳо бисёранд, ки дар боми хонаҳо барои пазироии рӯҳи гузаштагон дар хоне хӯрок мегузоранд ва бӯйҳои хуш бухор менамоянд.

Дастархони наврӯзии тоҷикон дар ҳар минтақа хеле зебо ва рангоранг оро дода мешавад. Дар баъзе ҷойҳо дар канори неъматҳои фаровон ҳафт мева, ҳафт мурғи рангшуда ва суманак мегузоранд. Аммо гузоштани «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» то чанде пеш дар кишвари мо ривоҷ надошт. Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон мардум тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Ҳафтмим» иттилоъ намуданд ва баъзеҳо кӯшиш мекунанд, то ин амалро иҷро намоянд. Дастархони «Ҳафт син» ва «ҳафтҳо»-и дигар то ҳол дар хонаводаҳои тоҷикон хеле кам ба назар мерасад.

Хушбахтона, пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз, ҳангоми дар намоишгоҳҳо нишон додани зебоии дастархони минтақаҳои Тоҷикистон, дар тамоми ноҳияҳо, ҳамчун эҳёи хони наврӯзии ниёгон, аз ороиши «Ҳафт син», «Ҳафт шин», «Ҳафт мим», ахиран аз «Ҳафт мева» ва «Ҳафт салом» низ истифода мебаранд.

Барои дастархони «Ҳафт син» аз сабза, себ, санҷид, суманак, сирко, сумоқ (гиёҳ), сир,  сипанд, сунбул, сиёҳдона, сикка; барои «Ҳафт шин» аз шамъ, шир, шакар, шароб, шарбат, шамшод (гиёҳи хушбӯ), ширбиринҷ, шаҳд, шакароб, шона; барои «Ҳафт мим» аз мева, мағз, моҳӣ, мураббо, маскатӣ (навъи ширинӣ), мост, май, мавиз ва ғайра интихоб менамоянд. Тавре ишорат шуд, дар гузашта дар хони наврӯзӣ фақат ҳафт чиз набудааст. Балки мувофиқи завқу салиқа дар ҳар гӯшаву канори ориёзамин, аз ҷумла Тоҷикистони ҳозира, беҳтарин чизҳои хӯрданиро мегузоштанд. Дар минтақаҳои Бадахшон низ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз хӯрокҳои гуногун мепазанд.

Яке аз таомҳои муҳими наврӯзии Бадахшон «Қумоч» аст, ки онро дар гузашта дар болои тахтасанги калон пухта, ҳамроҳи ширу маска  ба идгоҳ бурда, ба дастархон мегузоштанд. Ҳозирин «Қумоч»-ро бо ширу равған истеъмол карда, ният мекарданд, ки то соли оянда ҳама якҷо бошанд.

Суманак дар дигар манотиқи Тоҷикистон маъмулан ба шакли ҳалво, вале дар баъзе манотиқи Бадахшон бештар ба шакли нон пухта мешавад. Маводи он аз хамири омехтаи орди гандум бо оби сабзаи гандум омода мегардад. Дар деҳаи Вранги Вахон хамири ордро бо кӯфтаи сабзаи хушккардаи гандум тайёр мекунанд. Барои ид ва хони наврӯзӣ омода намудани суманак муҳим аст, ки мардум мегӯянд: «пухтани суманак дар иди Наврӯз савоб аст». Дар хони наврӯзии Бадахшон ҳамаи анвои хӯрокие, ки дар тӯли сол истеъмол мешаванд, гузошта мешавад. Кадбонуҳо барои хони наврӯзӣ хӯрокҳои зеринро бо маҳорат ва заҳмати зиёд омода мекунанд: «бат», «боҷ», «дайла», «хогина», «қумоч», «кочӣ», «ширрӯған», «ҳалвои шир», «пиёва», «нони рӯған», «мошоба», «тухмпиёва», «бурсоқ» ва ғайра.

Густурдани хони наврӯзӣ дар ҳар минтақа монандӣ ва тафовутҳо дорад. Дар ноҳияҳои Хатлонзамин хӯрокҳои махсуси наврӯзӣ мепазанд. Аз гузашта то ҳол таоми ҳатмии хони наврӯзӣ суманак мебошад. Чанд навъи суманак таҳия менамоянд: «суманаки чанголу», «кулчаи суманак», «ҳалвои суманак». Таоми дигар махсуси хони наврӯзии Хатлонзамин «далдаи наврӯзӣ» аст. Барои гузоштан ба хони наврӯзӣ навъҳои гуногуни онро мепухтанд: «далдаи башир», «боҷ», «дангиҷа», ки ҳар кадоме аз якдигар андаке тафовут доранд. Нонҳои чапотӣ, гирдача, фатир, кулчаҳои равғанӣ анвои дигари онҳо зеби дастархони наврӯзии хатлониҳо мебошанд. Зимнан, дар хони наврӯзии хатлониҳо тухми ранга, буғурсоқ, ҳалвоҳои гуногун, чанголу, ширбиринҷ, оши бурида, палов, самбӯсаҳои алафию гӯштӣ ва монанди ин мегузоранд.

Мардуми ноҳияҳои вилояти Суғд низ бо таомҳои гуногун ва шириниҳо хони наврӯзии худро оро медиҳанд. Дар дастархони наврӯзии вилояти Суғд будани суманак ҳатмист. Зимнан, онҳо барои зебу зиннати дастархони худ нонҳои гуногуни равғанӣ, фатирҳо, кулчаҳо, санбӯсаҳои алафию гӯштӣ ва анвои онро мепазанд. Дар Хуҷанд ва баъзе ноҳияҳои атрофи он барои дастархони наврӯзӣ «ҳафт меваи хос», «шарбати наврӯзӣ», «зардолуоб» (ғӯлингоб), «талқон», «чалпак» таҳия менамоянд. Хӯрокиҳои гиёҳию алафӣ ба мисли суманак, гандумкӯча, манту ва хонумаи алафӣ, ширбиринҷ, ҷаварӣ, шӯрбо, палов, анвои кабобҳо, гӯшти паранда, моҳӣ, тухмҳои ранга хони наврӯзии онҳоро зиннат мебахшанд.

Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон ва атрофи он дар хони наврӯзӣ хӯрокиҳои зеринро мегузоранд: меваҳо, ғармич, ярма, ҳадир (ҳарир), угро, фатир, кулча, чанголӣ, фарбеч (фарвеч), худуркӣ, қарнӣ, шӯла (шавла), оши умоч, туппаи бардорак, ғирмондӣ (ғилмондӣ), торпухт, қатмол, нахӯдшӯрак ва ғайра.

Он чизе, ки оид ба хони наврӯзӣ ёдовар шудем, аксари анвои ин хӯрокиҳо дар Раштонзамин низ вуҷуд доранд. Мардуми Сангвор, Тоҷикобод, Ғарм, Нуробод, Лахш, Роғун, Оби Гарм, Файзобод ва дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар хони наврӯзии худ аксари он нонҳо, кулчаҳо, таомҳоеро, ки дар боло ном бурдем, дар хони наврӯзии худ мегузоранд.

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, ки дар он намояндагони тамоми минтақаҳо зиндагонӣ мекунанд, аз тамоми анвои ороиши хони наврӯзӣ истифода мешавад. Ҳамчунин, навъҳои кабобҳо аз гӯшти мурғ, гӯсфанд, гов, буз, моҳӣ, обпухти гӯшти парандаҳо, ба монанди кабк, бедона, мурғ, мурғи марҷон ва амсоли инҳо хонҳои наврӯзии тарабхонаҳо ва мардумро оро медиҳанд.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода