Дар як сатр
» » Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

20-04-2017, 09:01

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

Бо тавсияи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба тамошои театр рафтанд. Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоишномаро аз рӯйи асари драманависи рус А. Н. Островский «Духтари бебисот» пешниҳоди онҳо намуданд.

Асари «Духтари бебисот» дар бораи духтараке қисса мекард, ки ӯ мардуми деҳаи худро дӯст медошт, ҳамаи онҳоро эҳтиром ва қадр мекард. Вале сокинони деҳа, чӣ бою чӣ камбағал, ба духтарак бо чашми бад менигаристанд. Яъне ҳар як қаҳрамони намоишнома мехостанд аз духтарак истифода баранд.

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

- Намоишнома мисли ботлоқест, ки дар он як гавҳари тозае ниҳон аст ва ҳар лаҳза ботлоқ ин ҷавоҳиротро ба коми худ кашидан мехост, - гуфт коргардони намоишнома Эраҷ Султонзода. -Ҳунармандон бо як ҳиссиёти баланд намоишномаро пешниҳоди меҳмонон гардониданд. Кормандони мақомоти милитсияи вилоят аз тамошои намоишнома таассуроти зиёд бардоштанд.

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

Дар намоишнома ҳунарпешагон Наргис Мирзоева, Ҷамила Юсупова, Отахон Саидов, Шуҳрат Набиев, Комил Бобиев, Баҳодур Шарипов, Кароматулло Сафаров ва Фирдавс Турдиалӣ нақшофарӣ кардаанд. Дар омода кардани намоишномаи «Духтари бебисот» коргардон-таҳиягар Эраҷ Султонзода, саррассом Хайрулло Давлатов, ороишгари мусиқӣ Қурбонзода Баҳром ва дигарон саҳм гирифтанд.

Ф. ДАВЛАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»

«Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА